Ҳамдиёрони азиз!

Моҳи шарифи Рамазон – моҳи саршори имон ва меҳр, хайру сахо ва мағфирати гуноҳҳо ба поён мерасад ва тамоми мусулмонони дунё яке аз идҳои муборак ва суннатии худ - иди саиди Фитрро бо шодию шукри зиёд пешвоз мегиранд. Ба шарофати фарорасии Иди саиди Фитр тамоми мардуми ноҳияро самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадон файзу баракат, бахту саодат, рӯзгори обод ва саломатию осудагӣ орзумандам.

Моҳи шарифи Рамазон дар миёни мусулмонони олам аз он ҷиҳат мақому манзалати баланд дорад, ки дар ин моҳи муборак Қуръони маҷид нозил шудааст ва беш аз 1400 сол инҷониб мӯъминонро ба роҳи ҳақ, адолату парҳезкорӣ ва ростию накӯкорӣ ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад».

Дини мубини Ислом моҳиятан чун як дини маърифату ахлоқ, сулҳпарварӣ ва оини покию накӯхоҳӣ барои наздик ду миллиард пайравони худ сарчашмаи эътиқод, имон ва раҳоиш мебошад.

Бо дарки ин маънӣ, ҳанӯз аз асрҳои нахустини густариши ислом даҳҳо нафар фарзандони донишманду фарзонаи миллати тоҷик, хусусан Салмони Форс, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Ал-Бухорӣ, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозиву Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон дар тафсиру таблиғи равияҳои инсондӯстӣ, маърифатҷӯӣ ва фарҳангпарварии он саҳми беназир гузоштаанд.

Пайғамбари ислом - Ҳазрати Муҳаммад (С) ақлу заковати ниёгони маърифатпарвари моро ситоиш намуда, дар сӯҳбате таъкид кардаанд: "Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд". Маҳз бар асари саъю кӯшиши ин гуна бузургони миллат буд, ки дар замони Сомониён дар назди масҷиду мадрасаҳо китобхона бунёд шуда, фаро гирифтани илмҳои замон барои ҳар як толибилму маърифатҷӯй фарз дониста мешуд. Омӯзиши донишҳои дунявӣ баробари илмҳои динӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ки дар натиҷа аз миёни ачдоди мо дар тӯли ду-се аср даҳҳо нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расиданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Мову шумо Иди саиди Фитрро дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияту осоиш истиқбол мегирем. Дар аввали руихати кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтани Тоҷикистон боиси қаноатмандӣ ва ифтихори мардуми кишварамон гардидааст. Аммо рӯйдодҳое, ки ҳоло дар миқёси ҷаҳон идома доранд, натиҷаи бозиҳои сиёсии абарқудратҳо мебошад. Чунин вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем. Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозию нифоқангезӣ дар кадом шакле набошад зиндагии ором ва босуботи моро халалдор созанд. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи маърифату дӯстӣ ва илму донишомӯзӣ ҳидоят намоем, дар таълиму тарбияи замонавии онҳо хайру сахоро дареғ надорем ва ба ҷойи оростани маъракаҳои пурдабдабаву чорабиниҳои серхарҷи шӯҳратталабона ва такроран адо намудани сафарҳои ҳаҷу умра, барои ободонии мактабу кӯдакистонҳо, дастрас намудани лавозимоти таълим, дастгирии ятимону бепарасторон ва пиронсолону барҷомондагон маблағҳои худро сарф намоем, савоби дучанду даҳчанд насибамон мегардад.

Фарорасии иди Рамазонро мову шумо ҳар сол бо дастурхони аз рӯйи имкон ороста ва дили поку ниятҳои нек интизор мешавем, ба рӯҳи гузаштаҳо аз оятҳои Раббонӣ тиловат мекунем, ба азодорон таскин медиҳем, ба зиёрати мазори хешу ақрабо меравем ва қарзи суннатии худро адо менамоем. Савоби бузургтарин дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист.

Дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот, муассисҳо ва соҳибкорони саховатпеша ба оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон ва ятимон кӯмак мерасонанд.

Мардуми олиҳиммату саховатманди ноҳияамон низ ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ рӯй оварда, аз ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ намедоранд. Умед ба он дорем, ки бо ҳиммати баланду меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатқарин диёрамон боз ҳам ободу шукуфонтар хоҳад шуд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми ноҳия табрик гуфта, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!