МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲоИ ХОЛИИ МАЪМУРии хизмати давлатӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

1. Сармутахассис – сармуҳосиб-оморчии Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;

2. Мутахассиси пешбар андозчи Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

4. Мутахассис оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218,00 сомонӣ;

5. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,4 сомонӣ;

6. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Равшан - 1902,4 сомонӣ;

7. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

8. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1902,40 сомонӣ;

9. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

10. Мутахассиси пешбар андозчии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;

11. Мутахассис оид ба корҳои ободонии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218,00 сомонӣ

12. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

13. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

14. Сармутахассис оморчи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

15. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218,00 сомонӣ;

16. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд);

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон:  (8-34-52) 5-21-98, 92 874-36-01

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.