ПАЁМИ ТАБРИКИИ

РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД МУРОДЗОДА МУҚИМ ҚАЮМ

БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Хонандагони азиз!

 

Дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ табдил ёфтааст. Якуми сентябри ҳар сол кӯдакони хушбахти замони истиқлол ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Инак, пас аз таътили тобистона таълимгоҳҳои ноҳияамон ба Шумоён оғӯши худро боз намуданд ва соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз гардид. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама кулли мардуми ноҳия, бахусус муаллимону шогирдони тамоми таълимгоҳҳои ноҳияро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил хоҳем кард, табрик намуда, ба аҳли мактабу маориф саломативу хушбахтӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

Муқаддастарин боргоҳ барои ҳар як фарди ҷомеа мактаб аст ва шогирдон илму маърифатро маҳз дар ин макон меомӯзанд. Дар ҳақиқат Рӯзи дониш идест, ки ҳамеша хурду калонро ба ҳаяжон меоварад ва нафареро пайдо намудан мумкин нест, ки қадамҳои нахустини худро ба сӯи мактаб намонда бошад, лаҳзаҳои занги аввал ва муаллими аввалини худро дар хотир надошта бошад. Ин рӯзи муборакро ҳар сол тамоми устодону шогирдон бо як шаҳомати хос ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишварамон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорон ва соҳаи маориф ҳамарӯза таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва ин ғамхорӣ нисбати онҳо ба хотири рушду такомули маорифи кишвар, боло бурдани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, ба шароити замона мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим, тарбияи мутахассисони асил барои ҷомеа мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод якҷоя бо воҳидҳои сохтории худ дар ташаккули соҳаи маориф ва пешрафти таълиму тарбия корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Соли ҷорӣ ҳамаи биноҳои таълимии мактабҳои ноҳия дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо кумитаҳои падару модарон, сарпарастон ва соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо мизу курсиҳо ва лавозимоти муосири таълим корҳои муайян ба сомон расонида шуд. Алҳол дар ноҳия 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 1 гимназия фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 17 ҳазору 825 нафар ҷавонону наврасон таҳсил мекунанд ва ба онҳо 1090 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки 728 нафари онҳо занҳо мебошанд. Соли таҳсили сипаришуда 869 нафар ҷавонон соҳиби номаи камол гардиданд, ки шумораи зиёди онҳо ба мактабҳои олии мамлакат, коллеҷу литсейҳои касбӣ дохил шуданд. Аз 60 нафар довталабони Квотаи Президентӣ 17 нафар, аз ҷумла 9 нафар духтарони болаёқат тибқи Квота ба муассисаҳои олию касбӣ дохил шуданд. Инчунин, 20 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба мактабҳои олии Федератсияи Россия дохил шуданд.

Бояд зикр намуд, ки баҳри ҳарчи бештар ба таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани дараҷаи касбомӯзӣ дар ноҳияи Зафаробод як коллеҷи омӯзгорӣ, як коллеҷи политехникӣ ва ду литсейи касбии техникӣ фаъолият менамоянд. Фаъолияти пурсамари хатмкардагони ин зинаи таҳсилот дар  пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нақши худро дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисони омоданамудаи ин зинаи таҳсилот бештар гардидааст.

Таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумат қарор дорад. Ҷолиби қайд аст, ки то имрӯз 25 нафар кадрҳои ҷавони соҳаи омӯзгорӣ тибқи роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба кор қабул карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва иҷрои Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф, инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 30 августи соли ҷорӣ баён доштаанд, тамоми чораю тадбирҳоро меандешад.

Бори дигар кулли аҳли маорифи ноҳия, хонандагон ва ҳамдиёрони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, инчунин, 34-солагии ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – барори кор ва ба хонандагони муассисаи таълимӣ хониши аъло орзу менамоям.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед!