ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД МУРОДЗОДА МУҚИМ ҚАЮМ БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 9-уми сентябр мардуми кишвари азизамон ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ин санаи муборак дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун тавлиди давлати тоҷикон сабт гардидааст.

Шумо ҳамдиёрони азизро бо хушҳоливу сарфарозӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни маҳбуби миллат, 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу осоиш, фатҳу нусрат, иқболи баланд ва барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Мавриди зикр аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли комили давлатӣ ба даст омада, таъриху тамаддуни бою рангини мардуми тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид ва баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созанда заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Дар зарфи 34 сол мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем. Ба шарофати Истиқлол халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид.

Бо тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз кишвари азизи мо аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид буда, бо чандин кишварҳо, ки дар ин ё он арса аҳд ва манфиатҳои муштарак доранд, ҳамкорӣ менамояд. Ташаббусҳои дурандешонаи Роҳбари давлати тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим, ки аз минбари бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид давоми ду даҳсолаи охир пешниҳод шуданд, аз тарафи Ассамблеяҳои Генералии ин Созмон қабул гардиданд ва он боиси ифтихори тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон гардидааст.

Доир ба сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 590 банд ба маблағи 112 милиону 706 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 776 ҷойи корӣ тартиб дода шуда, тасдиқ карда шудааст. Бо дастгириҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ин санаи фархунда бо маром идома дорад. То ба имрӯз аз 590 банди нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида 547 банд ба маблағи 126 миллиону 980 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 703 ҷойи корӣ иҷро гардид, ки 93 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро дар бар мегирад.

Бо дарназардошти он ки заминҳои ноҳия танҳо тариқи мошинӣ обёрӣ мегарданд ва пойгоҳҳои обрасонӣ, ки солҳои 60-уми асри гузашта сохта ба истифодадода дода шуда буданд хеле фарсуда гардидаанд, соли 2024-ум аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳия як адад агрегати нави обкашӣ ворид ва пайваст карда шуд.

Соли ҷорӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат боз ду агрегати пуриқтидори нави обрасонӣ барои пойгоҳҳои обкашии “Мирзочӯл-1” ва “Мирзочӯл-2” харидорӣ ва ба ноҳия ворид карда шуданд. Сокинони ноҳия аз иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол гардида, азм доранд, ки мавсими ҷорӣ ва солҳои минбаъда натиҷаҳоро дар ҳамаи самтҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ афзун намоянд.Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ман аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони ноҳия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар раванди ободкориву созандагии ноҳия миннатдорӣ баён менамоям.

Бо ибрози волотарин арзишҳои неъмати бебаҳои таърих - Истиқлоли давлатӣ, ки роҳи дурахшони миллати тамаддунофари тоҷикро боз намуд, бори дигар Шумо ҳамдиёрони азиз ва кулли сокинони ноҳияро самимона табрику муборакбод намуда сиҳатмандиву сарбаландӣ, файзу нусрати зиндагиро дар хонадони ҳар яки шумо таманно менамоям.

Бигзор нури хуршеди Истиқлол фазои мусаффои Тоҷикистонро абадан мунаввар сохта, ҷавҳари тобноки он рузгори ҳар сокини кишварро файзбор намояд.

Поянда бод сулҳу ваҳдат ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва нерӯи созандаи халқи тоҷик!

Ҷашни фархундаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!