Дар «Бозори Бадахшон»-и Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо иштироки кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба пешгирии пайдоиши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандоне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд ниқбҳои муҳофизатӣ дода шуд.