mt3.org

 

 

9-уми сентябри соли 1991 барои миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик санаи бисер ҳам гироми буда, дар ин рузи фарахбахш баьд аз ҳазорсолаҳо Тоҷикистони азизамон соҳибистиклол гардид.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои аввали истиқлолият ба гирдоби ҷанги  шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимои фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони  сиёсву иқтисоди фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари аз байнравии давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулху ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохили гирифта шуда, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.

Бояд қайд намуд, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳануз 16- уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд нақши калиди бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян намуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон бисёр хуб дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ташаббусҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон доир ба ваҳдат ва ягонагии  миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои пойдории он кушиш намуданд.

Моро мебояд  Сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллиро дар шуур ва қалби наслҳои ояндаи миллатамон  бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду инкишофи ояндаи кишвари азизамон гузоранд.

Хусрав Раҷабов -

Узви фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Зафаробод

Омузгори МТМУ 12

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд