Санаи 30-юми июни соли 2020 дар Комендатураи сарҳадии Зафаробод бо иштироки сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Н., мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азизова Р. ва мудири маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Холбекова М.  оид ба пешгирии пайдоиши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мудири Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба афсарону сарбозон 40 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 2 литр антисептик такдим карда шуд.