Санаи 17-уми июли соли 2020 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагиҳои деҳқонии “Хушекат” ва “Даҳкат”-и ноҳия боздид намуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки аъзои хоҷагии деҳқонии “Хушекат” ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, дар як сол то 3-4 ҳосил ба даст меоранд. Деҳқонони пуртаҷрибаи хоҷагӣ имсол низ дар заминҳои худ аллакай бори дуюм кишти зироатҳоро ба роҳ мондаанд. Барои ҳосили дуюм офтобпараст, тарбуз, лӯбиё, мош ва хӯроки чорво кишт гардида, зироатҳо нашъунамои хуб доранд.

Хоҷагии деҳқонии “Даҳкат” бошад 8 гектар замини корам дорад ва дар он пахта кишт гардидааст. Бино бар таъкиди мутахассисон аз нашъунамои ниҳолҳои пахта мушоҳида мегардад, ки имсол ҳосили хуб рӯёнида мешавад. Пахтакорони ин хоҷагӣ аввалин бор барои таҷриба пас аз дарави ғалла дар ду гектар пахта кишт кардаанд.

Барои пурра ба итмом расонидани кишти такрорӣ, иҷрои нақшаи пешбинишуда, коркарди агротехникии зироатҳои кишоварзӣ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳо Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳо дод.

Дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз ҳоли собиқадори меҳнат Ҳабибулло Эгамзода хабар гирифт. Ин марди соҳибтаҷриба дар рафти мулоқот бо Раиси вилоят изҳор дошт, ки аҳли оилаи Эгамовҳо дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи ғизоиро захира намуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки Ҳабибулло Эгамзода бо фарзандону наберагонаш дар замини назди ҳавлигияшон дарахтони олуча, анору себ ва олу шинонидаанд ва имсол ҳосили хуб ба даст оварданд. Аз ҳосили ҷамъоваришуда ва помидору бодиринги ҳавлии худ аҳли ин оила ба таври консервакунонӣ барои зимистон захира кардаанд.