Сокинони деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшан бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳо нишон дода маҳаллаву кӯчаҳоро обод мекунанд.

Ҳамин гуна ҳашари умумӣ дар оромгоҳи деҳа сурат гирифта, сокинон тасмим гирифтанд, ки роҳравҳои оромгоҳро пурра сементпӯш кунанд. Дар корҳои ободонӣ намояндагони ҳамаи маҳаллаҳо фаъол мебошанд. Гурӯҳи ташаббускор дар ҳайати аминони маҳалла, Саидмирзо Гулмирзоев, Тулибой Бердиев, Мирзоқул Фозилов, фаьолони деҳа Ғайрат Муродов, Сангинмахмад Тиллоев, вакилон Туйғун Шарифзода, Раҳмоналӣ Ҷумаев, Маҳмадраҳим Одинаев, ходимони дин Саидалӣ Шарипов, Зиёваддин Исматов, Нурулло Ҳоҷиев аҳолиро ба иқдомҳои нав ҳидоят менамоянд. Бояд зикр намуд, ки ташаббусҳои ободкорию созандагӣ дар деҳаи Ҳаёти нав ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Аҳолии деҳа ба нафароне, ки дар ин кори хайр кӯмак намуданд, бахусус ҷавонони деҳа, ки дар Федерасияи Русия қарор дошта, кумаки моддӣ мерасонанд, миннатдории самимона мерасонанд.