Санаи 24 июли соли 2020 маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мудири шуъбаи ташкилӣ ва омори КИ ҲХДТ дар вилоят Зоҳидов Фаррух Абдуқодирович, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдуллозода Зарина Ислом ҳамчунин аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд. Шарифзода Туйғун Тоҳир-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ҳисоботи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020- ро ба самъи ҳозирин расонид. Сипас Каримчон Ёқубов- роҳбари ТИ “Имон Интернейшнл”, Саодат Кобулова роҳбари ТИ “Кумаки аввалияи санитарию тиббӣ”, Ирода Игамова намояндаи ТИ “Омузгор” ба музокира баромаданд. Фаррух Зоҳидов- мудири шуъбаи ташкилӣ ва омори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Заррина Абдуллозода-муовини раиси ноҳияи Зафаробод дар баромадҳои худ доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ибрози андеша намуда, фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки баробари ноил гардидан ба дастовардҳои шоиста имрӯз масъалаҳое мавҷуд мебошанд, ки ҳалталаб боқӣ мемонанд. Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, вусъат додани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, гузаронидани маъракаи муқоисакунии аъзоёни хизб аз зумраи онҳоянд. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ дастур дода шуд, ки тибқи нақша дар давраи минбаъда фаъолиятро дар самти татбиқи ҳадафҳои Оиннома ба Барномаи ҲХДТ, иҷроиши дастурҳои Анҷумани 13-уми ҳизб, сазовору арзанда баргузор намудани маъраки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар меҳвари фаъолият қарор диҳанд.

Дар фарҷоми маҷлис як чанд нафар кормандон аз ТИ “Бахши фарҳанги ноҳия” дар вазъияти тантанавӣ ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод