mt3.org

 

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳияти шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро бо сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб менамоем. Ин неъмати бебаҳо барои мо рамзи гӯёи озодии миллат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Мо дар муддати 29 соли Истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватандориро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояи давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи хеш равона созем. Боиси сарфарозӣ ва хушбахтист, ки сарнавишти имрӯзу фардои  кишварамон дар ихтиёри худ ва ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Тоҷикистони маҳбуби мо маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун кишвари дорои низоми давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуда,  роҳи мустақили пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба моҳияти озодии сухан, озодии виҷдон ва гунонгунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлатӣ демократӣ мебошад, эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Ман худ як бонуи хушбахти диёр, зодаи даврони истиқлол ҳастам. Маҳз бо шарофати истиқлолият ва дастгириву ҳидоятҳои  падаронаи Пешвои миллат, пас аз хатми мактаби миёна тибқи Квотаи Президенти Донишгоҳи давлатии Хуҷандро сарбаландона хатм намудам. Боиси хушбахтист, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 ба ноҳияи Зафаробод ба ман насиб гардид, ки бо Пешвои миллат ҳамсӯҳбат бошам. Насиҳат ва дастурҳои  падаронаи Президенти кишвар, бароям руҳу илҳоми тоза бахшида, нисбати фаъолияти хеш масъулияти зиёдро ба зиммаам гузошт. Ва дар ин ҷода ҳамаи кӯшишу щайрати хешро баҳри боз ҳам ободу гулгулшукӯфии Ватани маҳбуб мегузорам.

Ҷавонони саодатманди диёр, Шумо ворисони бонангу номуси миллат ҳастед, имрӯз барои таҳсил, меҳнат ва фаъолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дарҳоро боз кардааст, аз имкониятҳо истифода баред. Мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мо давом диҳандагони кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти мо ҷавонон минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.

Зиндаву поянда бод Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мудири шуъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

Зулфиқорзода Заррина

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд