Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин воқеаи муҳими таърихӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҳамон давр то имрӯз ин руз барои мардуми тоҷик муқаддасу ҷашнгиранда аст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо ва ободиву осудагиро ба мардуми шарифи тоҷик бахшид.

Тоҷикистони азизамон аз сари худ бисёр рӯзҳои сахту сангинро гузаронида бошад ҳам миллату забону фарҳанги худро аз даст надод. Албатта хизмати олимону мунаққидон академикону таърихшиносон, бостоншиносону археологон, шоирону нависандагон ва амсоли инҳо бузург аст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкониятҳои зиёде фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва перафти минбаъдаи кишвари азизаморо сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.Бо шарофати Истиқлолият мо соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Мо мардуми тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва арҷ гузорем, то ки насли ҷавони мо аз мо ибрат бигиранд ва анъанаи ниёгони моро давом диҳанд. Барои дар қатори давлатҳои абарқудрат ҷой гирифтани Тоҷикистони маҳбуб хизматҳои шоён намоянд.

Сафарова Фирӯза -узви фаъоли ҲХДТ, муовини мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод