mt3.org

Мо ҷавонон амалҳои ифротгаронаи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда ба ҷавонони Тоҷикистони азизамон муроҷиат менамоем :

Ҳамсолони азиз ! Ниҳоят ба ҳамагон мақсади асосии ҲНИ ошкор гардид, ки он аз даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати давлатию ҷамъиятӣ иборат буд. Тибқи қонунгузории байналмиллалӣ ва миллӣ имрӯз ифротгароӣ яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин ба ҳисоб рафта, он амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият халалддор месозад. Хиёнат ба ватану миллати хеш гуноҳи бахшида нашаванда мебошад. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштаанд ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудаанд. Дар тӯли ин солҳои тақдирсоз чӣ қадар заводу фабрикаҳо, корхонаву ташкилотҳои нав, муассисахои таълими, фарҳангӣ, тиббӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХI барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сўи ояндаи неку осуда, зиндагии хушбахтона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод.

ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш ҳеҷ гоҳ сулҳу ваҳдати моро халалдор карда наметавонад. Зеро ҳар яке тарафдори сулҳу субот, якдигарфаҳӣ ва ободиву осоиштагии Ватани азизамон бо ном Тоҷикистон ҳастем ва намегузорем, ки касе ва чизе ватҳдати миллии моро халалдор созад. Мо, ҷавонон, баҳри ҳамаҷониба обутоб ёфтани хеш дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун ва омўхтани илму дониш ва ҳунарҳои мардумӣ кўшиш ба харҷ медиҳем. Ҳаргиз намегузорем, ки душмани миллати тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасад. Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои нопоки ТЭТ ҲНИ амалӣ намешаванд ва нахоҳад шуд !

Номвар Муҳиддинов

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд