mt3.org

Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Аз фурӯғаш дидаи мо равшан аст,

Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.

Ҳалқаҳои зиддимиллӣ, ки дар  муҳити оворахонаҳои Европа хайма задаанд, аз ҳар дастоварди ҷиддии давлатдории муосири тоҷикон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳангомаи нораво паҳн мекунанд ва мекушанд сафедро сиёҳ, хубро бад ва дастовардро ба нуқсону камбудӣ табдил дода, вазъияти ҷумҳуриро воруна нишон диҳанд. Ташрифи расмии Пешвои миллатро ба Европа кам гирифта, он доираҳое, ки дар боло зикрашон рафт,  дар зуҳури чунин кори фавқулодда фоиданок барои миллат тарафҳои бадиро меҷӯянд. Чун ки бадманишон қобилият ва иқтидори навҷуӣ ва навпоиро надоранд, буҳрони шадиди шахсиятӣ ва афсурдагии беморгунаи раҳбарияти ифротиён, ҳамаи онҳоро домангир аст. Аниқтараш онҳоро дар кӯчаву гузари муҳоҷирони бодиянишини араб дар Парижу Берлин замингир кардааст, ки зарфияти на танҳо таҳлилӣ, балки инсониро билкулл гум кардаанд.

Ватандороне, ки ҷоғ намезананд ва дар Ватан истода шабу рӯз захмат мекашанд, медонанд, рузе ки намегузарад, тамоюли ба кишвари абарқудрати минтақавӣ табил ёфтани Точикистон зиёд аст. Роғун сохта шуд, созмони муътабари «Дуинг бизнес» номи муборак кишварро дар қатори кишварҳои даҳгонаи беҳтарин бо шароити мусоиод сайёҳи ном мебарад. Варзишгарони мо қаҳрамони ҷаҳон мешаванд (Маҳмадбеков С.), тимии футболи ҷавони тоҷик аз болои каҳрамони Африқо – Камерун ғолиб мешавад. Тоҷик давлатии  обод ва озод дорад, қудрати ҳимояи халқи худро аз балоҳои чӣ ифротӣ (хонда шавад наҳзатӣ) ва хориҷӣ дорад. Аз он, ки гурӯхаке дар кибру ғазаби худ ва дигарон ғӯтавар ҳастанд ва парокандавожаҳое менигоранд, «бо неши пашша кам нашавад х..яи фил» монанд аст. Пеш аз ҳама анқариб 10 млн.тоҷик дар Ватанашон хотири ҷамъ ва амнияти саросарӣ доранд. Тоҷикистон зоянда ва пешоҳанги ғояҳои муттаҳидгари минтақаи форсизабонон ва ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Нишасти сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи фарҳанги бостон баёнгари ҳамин мавқеъ аст. Эрониҳо ва тоҷикони Хуросони бовиқор ва донишманд, ки аз соли 1991 ба маҳзи касби Истиқлоли давлатии тоҷикон  ба Тоҷикистон омада,  робитаи самимӣ бо Раҳбари муаззами тоҷик барқарор карданд, дар симои Тоҷикистон давлати меросбари императории Ориёни Кӯҳанро мебинанд. Ҳама ин ҳақиқати мутлақро қабул дорад ва як тӯдаи кундзеҳни бегонапарвар чун маниши ақрабӣ дорад, қасдан ва амдан қабул надорад. Бале ин ашхоси нухба ҳама зиддиинқилобианд, зеро танҳо галуву беақлу чоҳил, ба сони наҳзатиҳо инқилоб мехоҳанд. Ин ашхос ҳар кадомашон боз устоди ҳунару илм ва касбу кори мушаххас буда, дар баланд бурдани имиҷи сиёсати тоҷикон саҳм мегузоранд.

Наҳзатиҳои бегонапараст ва ҷангҷӯ бошад, тавони таҳлили воқеаҳоро гум кардаанд. Заминаи чанги навро мусоид месозанд. Ана фарқро бубинед ва ламс кунед. Наҳзатии вопасгаро дар ғами шикасти давлати точик асту эронии муҳоҷир бо тамоми кӯшиш дар паҳлӯи ҳукумат. Инро мегӯянд, ватандорӣ. Ватандориро аз Масъуди Миршоҳӣ биёмузед, ки бо дарки ҳақиқати таърих давлатмардони кунунии тоҷикро давомдиҳандаи  Курушу Доро медонаду наҳзатии оташандоз дар фикри тарвиҷ ва ташвиқи босмачӣ аст. Инро мегӯянд, сатҳи бадбахтии намояндагони наҳзат, ки гадоманиш ва худфурӯхтаанд.

Баргардем сари қудратмандии тоҷикон. Вақте ки мо тоҷик мегӯем, дар таркиби маъноии ин калимаи воло, наҳзатиҳои аслбохта қарор надоранд, чун ки онҳо ифодагари манфиати ифротияти байналмилалӣ мебошанд, таърих гувоҳ аст ва мардум собит месозанд, ки таҳрикгари харбиву ғорат ва роҳзаниву хурофот наҳзат аст. Ин бечораҳо дарк намекунанд, ки аврупоиҳо ба иқтидори Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон, ки аз вартаи ҷанги дохилӣ, ки ба қабоҳати наҳзатиҳо дар гирифт, бомувафақият баромада, нақши он дар мубориз бар зидди теорримз калон аст.  Тоҷикистон сарҳади Аврупоро дар Бадахшону Хатлон бар ивази ҷонситониҳои самимӣ ҳимоя мекунад. Кишвари маълум, ки мехоҳад дар қиёфаи номаънуси наҳзат "Ҳизбулло»-и осиёмиёнагӣ таъсис диҳад, ба муқовимати ҷавонпатриотҳои тоҷик ва аврупо рӯ ба рӯст. Ғояҳои наҳзатӣ ҳамон ғояҳоенад, ки аз онҳо бӯй ва ғарази зиддиғарбӣ меояд, ки мардуми ин кишварҳо хуб медонанд.  Онҳо ҳадди аксар ва ё нуқтаи аълои андешарониашон, ки дар зеҳнаш хутур кардааст, ривоҷи ғояҳои босмачигарӣ аст, ки ба ин миллат ҳеҷ умумият надорад. Достони дахолат ва разолати кишвари “ҳамзабонҷиҳати таъмини барномаҳои таблиғотии худ дар миёни муҳоҷирони тоҷик ва барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои мазҳабии худ дар хоки Тоҷикистон, ки зиёда аз 80 фисади аҳолии онро пайравони мазҳаби Ҳанафӣ ташкил менамояд, ба чеҳраҳое чун наҳзат ниёз дошт, то тавонад барномаҳои “вилояти фақеҳ”-ро таблиғу ташвиқ ва роҳандозӣ намояд. Маҳз бо ҳамин ҳадаф гургони дар пӯсти меш дару дастгоҳи таблиғотиро то имрӯз дар ихтиёри мухолифон гузоштаанд, ки маълум аст, ки ба амали ҷавобӣ ниёз дорад. Гӯш ба қимор бошанд, ки далелу рақамҳои нави дахолати эшонро ба умури дохилии Тоҷикистон бозтоб хоҳем дод.

Интихоби Аврупо ба сифати ҳамкори боэътимод агар аз як тараф ғаризаи бақои миллӣ дар шароити буҳронзадаи ҷаҳонӣ унвон шавад, аз тарафи дигар ба ҷараёни табии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба решаҳои қавии ҳамкориҳои мутақобилан судманд сабабгор шудаанд. Европа дар саромади Истиқлолияти давлатӣ ба ҳукумати навтаъсис  дасти ёрӣ дароз карда, барои таҳкурсии давлат кӯмакҳои бесобиқа кард. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон бо назардошти «сиёсати дарҳои боз» бо як пайдарҳамии бесобиқа пуштибони хати сиёсати хориҷӣ будааст. Мавқеъгирии муштарак дар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷузъи низоми сиёсии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Сатҳи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва манфиатҳои миллӣ ба соҳаи иқтисодӣ, сиёси ҳарбӣ ва фарҳангӣ сабабгор мешавад.

Ҳамин тариқ, ягона монеаи ҷиддӣ, ки баъзе ҳалқаҳои нотавонбин ба он майлу рағбат доштанд, фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзат буд, ки ҳамвора бо тахрибкорӣ ва туҳматпароканӣ муносибатҳои кишварҳои ҳаммаромро хадшадор мекард ва чун ин монеа аз сари роҳ бардошта, ҳама корҳо рӯ ба роҳ хоҳад буд.

Мақсад Замонзода,

 

таҳлилгари бошгоҳи сотсиологии «Шарқи озод»

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд