mt3.org

Мо имрӯз санаи 1-уми марти соли 2018 шоҳиди руйдоди шоистаи таърихӣ - кушодашавии роҳи сарҳадии байни Ҷумҳуриҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳудуди ноҳияҳоямон гардидем.

Дар зарфи 26 сол мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дарназардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.

Мусаллам аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расонидани ин равобит, ки дар маркази тавваҷҷӯҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд, талош ба харҷ хоҳад дод.

Мардуми меҳнатқарин ва шарафманди ноҳияи Зафаробод оғуши гарми хешро ба дустон ва ҳамсоягони наздики хеш боз намуда, умед бар он мебанданд, ки робитаҳои мутақобилаи дустӣ, рафтуомади хешутаборӣ ва муносибатҳои ҳамсоягӣ тибқи муқаррароти қонунгузории кишварҳоямон ва бо анъанаҳои неки аҷдодони гузашта роҳандозӣ мегарданд. Чунки мо ҳамсояи хеле наздик пайвандгари фарҳанг, урфу одати якхела ҳастем, ки садсолаҳо байни халқи тоҷику ӯзбек вуҷуд доранд.

Дар ин рӯзи кушодашавии минтақаи сарҳадии ноҳияи Зафарободи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховосободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони ҳарду давлат иштирок намуданд.

Аз он ҷумла:

  • Муовини раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯр;
  • Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ
  • Муовини якуми Ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон Эшматов Муродулло Яқубович,
  • Ҳокими ноҳияи Ховоси Ҷумҳурии Узбекистон Бобоев Раҳимҷон Муҳаммадҷонович
  • Прокурори ноҳияи Ховоси Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамолов Мирҷафар ва дигарон.

 

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 2000 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Шуъбаи рушди иҷтимоц ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд