mt3.org

Дар ноҳияи Зафаробод баҳри сазовор ва арзанда таҷлил намудани Рӯзи Модар тадбирҳои судманд ба роҳ монда шуд. Бобати арзанда таҷлил намудани ҷашн нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, кумитаи тадорукот таъсис дода шуд.

Чорабиниҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ бобати қадру манзалати Зан-Модар ва заҳматҳою бузургии он дар байни муҳассилину донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардиданд.

Байни духтарон бахшида ба Рӯзи Модар озмуни «Суруди алла», «Кадбонуи беҳтарин» ва «Ҳунарманди беҳтарин» гузаронида шуд, ки бонувон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, маҳорати худро муаррифӣ намуданд.

Дар партави нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ аёдати бонувони фаъолу собиқадор, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда гузоштанд, ташкил ва ба роҳ монда шуд.

Санаи 7 март чорабиниҳои тантанавӣ дар қасри фарҳанги «Зафар» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бонувони фаъол ва сокинони ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ табрикоти Раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода, ҳамчунин табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Давлатзода З. ба ҳозирин расонида шуд. Барномаи омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия таҳти унвони «Модар фаришта буд» ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшид.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд