mt3.org

 

Ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Амри раиси ноҳия аз 3.04.2020, таҳти №11 ба тавсиб расида, ҳайати ситод ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 12 банд тасдиқ карда шуда ба аъзои ситод ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастрас карда шуд.

Тибқи нақша чорабиниҳо ҳамарўза машварати кории ситоди ноҳиявӣ таҳти сарварии раиси Ситоди ноҳиявӣ, раиси ноҳия баргузор гардида, фаъолияти рўзонаи Ситоди ноҳиявӣ барраси карда мешавад.

Шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия барои қабул ва муолиҷаи беморон омода карда шуда, тибқи нақша духтурону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия вобаста карда шудаанд. Ҳамзамон дар шуъбаи мазкур тамоми лавозимоти даркорӣ аз қабили нақлиёти ёрии таъҷилӣ (3 адад), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (3 адад), таҷҳизотҳои аввалиндараҷаи тиббӣ, дорувориҳо, маводҳои безараргардониву муҳофизатӣ ва хуроквориҳо захира намуда, пайваста барои беморон истифода бурда мешаванд.

Бо мақсади пайваста таъмин намудани беморон бо маводҳои доруворӣ, хурока, маводҳои безараргардониву муҳофизатӣ ва барои гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди ноҳия то ба ин дам аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо гардида бо ин мақсад равона истифода шуданд.

Бояд қайд, намуд, ки саҳми шахсони саховатпешаву соҳибкорон низ ҷиҳати мусоидат оид ба пешгирии бемориии мазкур дар ноҳия назаррас мебошанд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар асоси нақша чорабиниҳо гурўҳҳои тарғиботии ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ ба деҳоту маҳаллаҳо вобаста шуда, силсила корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Зафарободро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия расониданд

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият мебарад ва аз ҷониби кормандони маркази мазкур бо мақсади пешгирии бемориии сироятии короновирус зиёда аз 87 адад мулоқоту вохўриҳо ва 166 маротиба аксияҳои тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар назди бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳо ташкил карда шуд.

Имрўз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ сокинони ноҳия хуб дарк намудаанд, ки пешгирии бемории сироятии коронавирус ин пеш аз ҳама дар дасти онҳо буда, итоати дуруст ба қоидаҳои тарзи ҳаёти солим метавонад онҳоро аз ин беморӣ ҳифз намояд. Имрўз дар назди бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мушоҳида карда мешавад, ки сокинон аз ниқобҳои ҳифзкунанда васеъ истифода мебаранд.

Дар ҳудуди ноҳия 3 корхонаи дўзандагӣ ба дўхтани ниқобҳо машғул буда, маҳсулоти омода намудаи хешро пешкаши сокинон намуда истодаанд.

Корҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар ҳудуди ноҳия идома дорад.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд