Санаи 18 августи соли 2020 дар бинои қасри фарҳанги ноҳиявии “Зафар” Конференсияи XXVII ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Пеш аз оғози Конференсия вакилон ва меҳмонон аз намоиши китобӣ ва гӯшаи омоданамудаи ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуданд. Дар кори конференсия намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Олимҷон Алиҷонович, муовини раиси ноҳия Шарифзода Меҳриддин Шариф, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун Тоҳир иштирок намуданд. Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, пас аз тасдиқи ваколати вакилон кори худро аз руйи масъалаҳои зерин идома дод.

1. Омодагии ташкилотҳои ҳизбӣ ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Пешниҳоди вакилон ба Конференсияи XIV-уми ғайринавбатии ҲХДТ дар вилояти Суғд.

Аз рӯи масъалаи якум раиси кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода баромад намуда, доир ба ҷараёни омодагии ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ба маъракаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. Аз рӯи масъалаи зикргардида роҳбари ТИ “Маорифчиён” Ниёзқулова Дилафрӯз, вакил аз ТИ “ЛКТ Зафаробод” Беҳзод Ҳалимов ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро дар самти омодагӣ ва маъракаи мӯҳими сиёсӣ хуб арзёбӣ намуданд.

Сипас масъалаи дуюми рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 13 нафар вакилони Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ ба Конференсияи XIV-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд вакил интихоб гардиданд.

Олимҷон Зоҳидов-сармутахассиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, ва Шарифзода Меҳриддин дар баромадҳояшон доир ба масъалаҳои омодагӣ ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи раванди корҳои ободонию созандагӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ, афзун намудани нуфӯзи ҲХДТ, доир ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ андешаронӣ намуданд.

Дар поёни конференсия ба муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ашуров Рӯзибой ва роҳбари ТИ “Маорифчиён” Ниёзқулова Дилафрӯз Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Конференсияи XXVII-уми ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ хотима бахшид.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Зафаробод