Табрикоти

Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рўзӣ  бахшида ба Иди саиди Фитр

21.04.2023

Ҳамдиёрони азиз!

Моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру эҳсон, некиву накукорӣ, файзу баракот ва раҳмату маҳфират ба охир расид. Бо камоли самимият ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Иди саиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон саодату тандурустӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Иди Фитр аз мӯътабартарин ва муборактарин идҳои исломӣ маҳсуб ёфта, сокинони ноҳия баъди ба ҷо овардани фаризаҳои моҳи шарифи Рамазон онро бо хушҳолӣ ва фараҳмандӣ истиқбол мегиранд.

Иди саиди Фитр иди мардумӣ буда, фарҳанги волои инсондӯстиро таҷассум менамояд.

Худованди карим дар ин моҳи муборак Қуръони маҷидро нозил карда, рӯзаро ба бандагонаш фарз гардонидааст. Аҳкому фазилати моҳи шарифи Рамазон тақозо мекунад, ки ба истиқболи он ҳар як фарди мусулмон дилу ниятро нек ва имону иродаро мустаҳкам гардонида, аз гуноҳу бадиҳо дурӣ ҷӯяд ва дари хайру эҳсон кушояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Эҳтиром намудани арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон аст. Дар баробари ин, мо бояд стратегияи муносибати давлат ва динро дар мизони манфиатҳои мардуми кишвар, ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии онҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба хотири амнияту соҳибихтиёрии миллӣ дар доираи Конститутсия пайгирона такмил диҳем.

Хуб аст, ки ҳар сол дар арафаи идҳои суннатӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони саховатпеша ба оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, маъюбону пиронсолон ва ятимону муҳтоҷон дасти кӯмак мерасонанд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки эҳтироми ҳамаи суннату оинҳои муқаддаси аҷдодии худро пурра ба ҷо орем. Чунончӣ, имрӯз барои рӯзадорӣ ва ибодати мардум тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз шукрона мекунем, ки бо шарофати Истиқлоли давлати Тоҷикистони азиз, аз ҷумла ноҳияи зафарманди мо ободу зебо гардида, мардум ҳамаи суннатҳои милливу мазҳабии худро ихлосмандона баҷо меоранд.

Ҳар яки мову шумо баҳри сазовор ва бо тантана истиқбол гирифтани 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд омодагии ҳамаҷониба дошта бошем. Кўшиш намоем, ки баҳри истиқболи арзандаи ҷашни фархундаи миллӣ ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ноил гардем. Корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшем. Итминони комил дорам, ки сокинони меҳнатқарини ноҳия барои татбиқи ин амалҳои шоиста ҳамаи кўшишҳоро ба харҷ медиҳанд.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми сокинони ноҳия табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак ҳамватанони азиз!