08 Январь 2019
Маълумоти аз доираҳои наздик ба ин тарафдорони ҷабҳаи зиддитоҷикӣ нион меидҳад, ки бо ин ҳама пуштивонаи фиребкорӣ ва ҳилагарӣ, боз ҳам сарҳади одамгариро убур карда, нотавонии маънавиашро ба намоиш гузошта, дар ҳақиқат мазҳаби бобоиро иваз кардааст.
Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки дар Истаравшан айёми наврасии Маҳмудхон ба давраи бозсозии Горбачёвӣ рост омад. Дар ин замон буд, ки ба хониши китобҳои зардуштӣ шавқу ҳавас пайдо кард, Зардуштро пешвои анъанавӣ медонист, намози панҷвақтаро фаровардаи дини аҷдодӣ медонист. Вале чанде нагузашт, ки ваҷди риёӣ боло гирифту ба йогаи ҳиндӣ майл кард. Аз хурдани гӯшту равған парҳез мекард. Тамринҳои аҷибу ғариб анҷом медод. Чун мардуми маҳал ба ин гуна машқҳо одат надоштанд, ин каҷравиҳои Маҳмудхонро ҷунуни ҷавонӣ мегуфтанд. Баъдан ба ушуву якҳарбаи буддоӣ тамоюл пайдо кард. Фалсафаи Конфутсийву Лао-тсзи мехонд. Мутолиаи адабиёти ҳазорсолаи тоҷикро сарфи беҳудаи вақт медонист. Сипас, яку якбора хоҳиши демократ шудан кард. Ин ҳам зиёд давом накард. Бо авҷ гирифтани ҳаракатҳои зиддимилӣ, гароиши беандоза ба ифротгароии исломӣ кард. Фаъоли исломӣ шуд. Ба ҳаракати зиддиҳукуматӣ пайваст. Саранҷом, бо гузашти 1 даҳсола ба хулосае омад, к ибо тавсия бародарша кӯри Юнус ба аҳли ташаъйю бипайванад ва бо мазҳаби бобоӣ алвидоъ бигӯяд.
Бо ивази кардани мафкураи динӣ, аз ҷониби миссионерҳои хориҷӣ бо маблағ таъмин мегардад. Сомонаву саҳифаи таблиғӣ мекушояд. Ҳоло ин баднафс марбути шаҷарае мебошад, ки дар тарғиби мазҳаби бегона дар минтақа даст дорад. Хуфия аст. Хатти қирмизи муборизаро гузаштааст.
Қазоват бар шумост, хонандаи гиромӣ, ки бо ин ҳама тағйирёбиҳои равонӣ ки бемуҳобот хоси одами солим нест, ин гуна ашхос худро нухбаву ашрофи миллат медонанду лоиқ ба насиҳатгарӣ. Агар ин гуна афрод ба сони Бурҳоновҳо нухбаи ин маҳал бошанд, пас дурнамои баде моро интизор аст.
Мурод Исломов, сокини Хуҷанд.