Санаи 14 феврали соли равон чорабиниҳои идона бахшида ба 30-солагии аз хоки Афғонистон баровардани Қушунҳои муштараки Иттиҳодияи Шӯравӣ дар маркази ноҳия баргузор гардид. Субҳи пагоҳирӯзӣ ҷанговарони  байналмиллал дар назди  муҷасамаи шоҳ И.Сомонӣ  гулчамбар гузошта сипас вориди толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гардиданд. 

      Раиси ноҳия Раҷаб Ашӯрзода иштирокдорон ва ҷанговарони байналмиллалро бо ин санаи бузург самимона табрику муборакбод намуд.

   Барномаи идонаи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳия пешкаши ҳозирин гардид. Дар хотимаи ҷамъомад ба ҷанговарон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.