Сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби нафарони фаъолу арзанда, занону ҷавонон дар ноҳияи Зафаробод зиёд мегардад. Як чанд нафар кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд дар остонаи ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо намуда, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Аъзоёни тозатаъини ҲХДТ бо ифтихор аз узвият ба сафи ин ҳизби созанда ваъда доданд, ки ба хотири рушди Тоҷикистони азиз содиқона хизмат ходанд намуд.