Ваҳдати миллӣ суботи ҷомеаро таъмин намуда, барои зиндагии шоиста шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамин нуқта дар вохӯрии кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии Зафаробод таъкид гардид. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ба хизматчиёни ҳарбӣ табрикоти ҷашниро расонида қайд намуданд, ки дар таъмини сулҳу ваҳдати саросарӣ, ҳифзи марзу буми кишвар заҳмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар мадди аввал  қарор дошта, ҳар сокини кишвар ҷасорату мардонагии  фарзандони муҳофизашро қадр мекунад.

 

Шаҳриёр Раҳимзода-КИ ҲХДТ ноҳияи Зафаробод