9 сентябри соли 1991 миллати сохибфархангу сохибтамаддуни точик чун дигар давлатхои собик Иттифоки Шурави истиклолияти давлатии худро эълон намуда дар ин замина хамчун давлати сохибистиклол дар харитаи сиёсии чахон арзи хасти намуд.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкорхои пайгиронаи созандаги, азму талошхои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёси, иктисоди ва фархангиро омўзонда, меъёрхои чомеаи шахрвандиро тахким бахшид ва дар як вакт хаёти озодонаи хар фард ва олитарин дарачаи бахту саодати вокеии миллатро таъмин намуд. Имрузхо миллати точик бо ба даст овардани истиклолияти давлати зери рохбари ва гамхорихои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Вахдати Милли - Пешвои Миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар микёси чахони муосир ба як катор комёбихои гуногуни хаётан мухим даст ёфтаанд, ки хамаи ин аз самараи истиклол аст. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Хусравҷон Раҷабов -

узви фаъоли ҲХДТ,

омӯзгори МТМУ- 12-и ноҳия Зафаробод