Ҳамдиёрони азиз!

 

Дар ҷаҳони муосир  нақши воситаҳои  ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, воситаи ахбори омма чун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати милл-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи  шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзу асолати тозагии он рисолати муҳими воситаҳои ахбор ба шумор меравад».

Бояд зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ шароитҳои беҳтарини фаъолият барои кормандони васоити ахбори омма муҳаё гардида, имрӯз кормандони ин соҳа -рӯзноманигорони касбӣ ва хабарнигорони ҷамоавӣ метавонанд озодона рисолати касбии хешро ба ҷой оваранд.

Имрӯз дар ноҳия рузномаи «Зарбдор» фаъолият менамояд, ки инъикосгарӣ набзи зиндагии сокинони ноҳия  мебошад. Чандин сол аст, ки ходимони рӯзномаи мазкур  ба мисоли  Аббос Иброҳимов, Малика Қаюмова, Ҷонмурод Муродбеков барин мутахассисон бо масъулияти баланд дар нашри рӯзнома саҳм мегузоранд. Истифода аз маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавӣ мактаби рӯзноманигории хешро ташкил кардаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли қаламкашону матбуотчиёни ноҳияро ба муносибати Рӯзи матбуот самимона табрик менамоям. Бароятон сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва дар таҳкими сулҳу Ваҳдат ва  истиқлоли кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ комёбиҳо таманно менамоям.

Иди касби муборак!