Воқеаҳои мудҳиши рӯзи 29 июли соли равон дар Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ба амал омада оромии тамоми мардуми ноҳия, хосатан иштирокчиёни Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро халалдор намуда, ба ваҷҳ овард, ки чунин нохалафон, хоинон дар хоки Ватани худ умр ба сар бурда, аз обу нон ва марзу ҳавои он баҳравар гашта, дастовардҳои Давлату миллати хешро нодиданӣ мегиранду ба халқу миллати худ хиёнат мекунанд ва обрую мақоми давлати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ паст заданӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки ин нохалафон, хоинони миллати хеш хато мекунанд. Ин сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, ки мардуми сулхоҳи тоҷик бо сарварии абармарди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст овардааст ҳеҷ гоҳ ва хеҷ қуввае халалдор гардонида наметавонад.

Бо мақсади ба мардум фаҳмонда додани ҳаққонияти воқеаҳои рухдода Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия  аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат гурӯҳҳои тарғиботӣ таъсис дода, дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мавзеъҳои аҳолинишин ва ташкилоту муассисаҳо сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Санаи 31 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони кумитаҳои маҳллаҳо, имомхтибони масҷидҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия вохӯрӣ ташкил карда шуд. Вохӯриро муовини раси ноҳия Абдуллозода З.И. оғоз бахшид, муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати  ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Исмоилов А.И., сархатиби ноҳия Насриддинов Н., муовини раиси Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ. Алиев Боймуродов Х.Н. ва имоми масҷиди панҷвақтаи Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод  Эшонхонов Б. суханронӣ намуданд.

Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия минбаъд низ фаолияташро барои пешгирии проблемаҳои рӯз аз ҷумлаи терроризму экстримизм, дигар падидаҳои номатлуб, пайвастшавии шаҳрвандон махсусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав пурзӯр менамояд.

Исмоилов Аминҷон - муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати  ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия