Муддатҳои тӯлонист, ки дар бораи шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан менамоем ва барои пешгирии ин падидаи номатлуб шахсони масъулинро вазифадор месозем. Ҳимоятгари нахустини шахс ин худи ӯ мебошад. Ҷавонон худ, ки имрӯз роҳҳои хуби истифодаи шабакаҳои интернетиву алоқаҳои мобилиро  медонанд танҳо огоҳиро аз даст надиҳанд. Ибтидо, ҳеҷ гоҳ ба ваъдаву суханҳои шахсони бегона бовар накунанд. Худ мустақил шаванд жарфтар андеша намоянд. Ояндаи дурахшони худро худ созанд. Баъдан, ҳеч гоҳ бо шахсони ношинос тариқи шабакаҳои интернетӣ дар бораи ақидаҳои динӣ суҳбат накунанд (мутаассифона ҳоло зиёд гаштаанд), зеро аз тарафи экстромистон ҷалб карда мешаванд, худ надониста.

Огоҳии дигар ба ҷавонон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ бе иҷозтаи падару модар ба хориҷи кишвар сафар накунанд ва дар давлатҳои хориҷӣ аз муллоҳои салафӣ ва ҷавонони кафказӣ эҳтиёт шаванд. Зеро «салом»-и дӯстон беминнат аст. То имкон ҳаст дар хориҷи кишвар як ҷоя бо хешу табор ё ҳамдеҳагони худ кор карда, фирефтаи ваъдаи маблағҳои калони ношиносон нагардад.

Воқеан, душвор аст ба як кишвари бегона барои пайдо кардани маблағ рафтану меҳнати сангини тоқатфарсоро аз сар гузаронидан. Маблағи ҳалол бе меҳнат муяссар намегардад. Баъзе афрод наметавонад ба он меҳнат тоқат намояд, аз ин рӯ роҳи осон ба даст овардани маблағро ҷӯё мешаванд. Аз шахсони пулдор қарз мепурсанд, ки ин худ бе ресмон худро ба каси дигар бастан аст. Ё аз ҳисоби шахсони дигар муаммои худро ҳал мекунанд, ки ин низ паёмади хуб надорад. Шахсони мазкур бо кӯмаки ғаразонаи худ ҷавонони раҳгумзадаро ба худ тобеъ сохта, ба ҳар роҳ, ки хоҳанд ба ҳамон самт равона мекунанд.

Ҷавонон! Шуморо зарур аст, ки  ин ба қадри ин ҳаёт бирасед, шукронаи ин Ватан намоед. Камбуди онро нодида гирифта, баҳри таъмин ва ваҳдати абадии он ҳиссагузор бошед. Ин умри азизи ҷавони худро дар пайи саодатмандии худ ва дигарон сарфа созед.

Ирода Игамова