Санаи 9-уми августи соли равон гурўҳи корӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, муовини раиси вилояти Суғд Хоҷизода Ориф ва раиси кумитаи идораи замин ва гиодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Қурбонбой ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда аз корҳои саҳроӣ дидан намуданд. Пас аз дидани нашъу намои пахта ва дигар зироатхои кишоварзи дар бошишгохи сахроии хоҷагии деҳқонии ҚарасақолбобО  бо кормандони мақомоти иҷроияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони асоссиатсияи истифодабарандагони  оби ноҳия мулоқот доир намуданд.