Санаи 12-уми декабри соли 2018 дар толори Театри мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирмухаммедов Олимҷон бо донишҷӯёни ноҳия, ки дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд таҳсил менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯриро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирмухаммедов Олимҷон ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ дод. Сипас Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баромад намуда, оид ба ободониҳои ноҳия, ки дар давоми соли ҷорӣ шуда гузашт ва нақшаҳое, ки дар оянда амалӣ мешаванд ба шунавандагон маълумот доданд. Донишҷӯён ба сухан баромада, ба Раиси ноҳия саволҳо пешниҳод намуданд ва ба саволҳои додашуда ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Дар охир ба донишҷӯёни камбизоату нимятим 33 нафар ба маблағи 100 сомонӣ ва аълхонҳо 57 нафар ба малағи 50 сомонӣ идрорпулии яквақтинаи Раиси ноҳия  дода шуд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 700 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Пас аз вохӯрӣ дар тарабхонаи «Чоршанбе»-и шаҳри Хуҷанд  зиёда ба 700 нафар донишҷӯён дасторхони идона бахшида ба соли нави мелодӣ ороста шуд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаҳои фарҳангӣ намоиш дода шуд.