Тибқи нақша Рӯзи ягонаи ахбор бо иштироки тарғиботчиёни вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар ҳудуди ноҳия дар мавзӯҳои пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ҳар моҳ баргузор мегардад.

  Аз он ҷумла соли равон, санаи 20 декабр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастҷамъист!» дар қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳия бо иштироки роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорону донишҷуёни муассисаҳои  таълимӣ ва сокинони  ноҳия баргузор гардид.

Инчунин дар чорабинии мазкур гурӯҳи тарғиботии вилоят дар ҳайати Тоатов Ҳабибулло-дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ, Раҳимова Хайринисо корманди китобхонаи вилоятӣ ва Ҳакимов Илҳомҷон иштирок намуданд.

 Аз ҷониби тарғиботчиён оид ба мавзӯи пешниҳодшуда, яъне «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастҷамъист»  андешаҳо баён гардид. Қайд карда шуд, ки масъалаи мазкур ҳамчун доғи рӯз ба ҳисоб рафта мисли тори анкабур торафт паҳнгардида истодааст ва  дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. 

Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд, ки баҳри бартараф намудани  масъалаи мазкур  дастаҷамъона мубориза бурда пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро гиранд.

 Бамаврид аст зикр намоем, ки мубориза бар зидди коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеии зиндагӣ вобаста аст.

      Бешубҳа, мубориза алайҳи коррупсия як муборизаи тӯлонӣ ва маҷмӯӣ буда, самаранок гузаронидани он ба амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳо вобаста аст. Барои ин қабл аз ҳама таҳияи стратегияи зиддикоррупсионӣ зарур аст.

Мудири шуъбаи рушди

        иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                    Боймуродов Ф.