Семинар-машварати директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, мудирони муассисаҳои томактабӣ, муовинон оид ба таълим роҳбарони иттиҳодияҳои методии роҳбарони синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Зафаробод дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 гузаронида шуд.

            Семинар-машварат оид ба мавзӯъҳои зерин ташкил карда шуд:

1.      Дарси ҳисоботӣ аз фаннӣ «Алифбо» дар синфи 1-ум, омӯзгори синфи 1-ум Хосияти Искандар;

2.      Дарси кушод аз фанни «Химия» дар синфи 9-ум, омӯзгори фанни «Химия» Бобоева Сафармоҳ;

3.      Дарси кушод аз фанни «Технологияи меҳнат» (дар гурӯҳи духтарон)  дар синфи 7-ум, омӯзгори фанни «Технологияи меҳнат» Асқарова Умеда;

4.      Соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Аз одоби бад парҳез кардан» дар синфи 3-юм, омӯзгор Норова Гулноза;

5.      Расонидани ёрии методӣ аз тарафи мушовирони фаннӣ ба омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия Мушовирон: Олимов Р. Ҳусейнов Ё., Ғаниев М.;

6.      Фаъолияти иттиҳодияи методии муассисаҳои томактабӣ дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва маҳорати касбии мураббиёни ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои ноҳия, мушовири муассисаҳои томактабӣ Маҳмудова Н.;

7.      Технология ва методҳои умумии таълим дар раванди татбиқи «Муносибати босалоҳият дар таълим», мудири кабинети методӣ Обидов Н.

8.      Фаъолият ва мавқеи роҳбари синф дар ҳамкорӣ бо волидайн бобати баланд бардоштани сифати дониш ва тарбияи маънавии хонандагон, директори маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф Раҳимов И.;

9.      Иҷроиши Қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2018, №16/31 оид ба дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷори намудани ЭССЕ, сармутахассиси шуъбаи маориф Сафарова Фирӯза.;

10.  Чорабинии илми-фарҳангӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор  2018-2028» Хонандагони синфи   11-уми МТМУ №2;

11.  Ҷамъбасти кори семинар-машварат Мудири шуъбаи маориф Ниёзқулова Д. ва сармутахассиси хадамот Муҳиддинов Н.

Семинар-машварати директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, мудирони муассисаҳои томактабӣ, муовинон оид ба таълим роҳбарони иттиҳодияҳои методии роҳбарони синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Зафаробод бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуд.