Субҳи имрӯз дар маркази ноҳия дар назди тарабхонаи «Шоҳон» Иди Сада таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Латифӣ  иштирок намуда табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳратам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба сокинони ноҳия расониданд. Ҳамзамон Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ сухан намуда мардуми ноҳияро бо ин ҷашни аҷдоди табрик намуданд. Қайд карда шуд, ки Сада дар оини меҳргароӣ  яъне (Митроӣ ) аз оинҳои Зардуштӣ  ба ҳисоб рафта, таърихи панҷҳазорсоларо дорост. Ҷашни Садаро ҷашни Оташ низ меноманд. Аҷдодони мо дар ин рӯз ҷамъ омада, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он хурсандӣ  мекарданд, ки нишонаи фаро расидани Сада буд.

 Инчунин бахшида ба ҷашни мазкур намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо, донагиҳо ва маҳсули ҳунармандони ноҳия ташкил карда шуд.

Барномаи идонаи аҳли фарҳанги ноҳия бахшида ба ҷашни мазкур пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

        Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод