Баъди дар соли 2015 мамнуъ эълон гардидани ташкилоти террористонии наҳзатӣ ва ба хориҷа фирор кардани роҳбарону масъулони боқимондааш, дар Тоҷикистон фазои амну суботи комил барқарор шуда, шароити хубе барои рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёту иқтисод фароҳам овард. Мардуми кишварамон имрӯз бемамоният барои пешрафти ватани азизамон ва беҳбудии зиндагӣ софдилона меҳнат мекунанд.

Аммо  масъулони ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурданд, бо вуҷуди заифу нотавон буданашон то ҳанӯз аз роҳи зуроварию тундгароӣ ва мақсадҳои разилонаашон барнагаштаанд. Ин гуруҳи аҳреманӣ ба щуломи душманони берунаи Тоҷикистон табдил ёфта, супоришу дастурҳои ононро иҷро мекунанд ва ба хотири манфиати молӣ ба ватану миллат ва дину мазҳаби худ хиёнат кардаанд. Амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, онҳо дар расонаҳои хабарӣ ба дурӯщпароканию ищвогарии зиддимиллӣ машщуланд. Аз хабару навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ифротӣ маълум мешавад, ки ин бадхоҳони миллату Ватан барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали нангине худдорӣ намекунанд. 

Ҳар гуна эътилофу ҳамкорӣ бо ин душманони миллат         ҷиноят аст ва ҷавобгарӣ дар назди қонун дорад. Ҳамкорӣ бо ин хиёнаткорони Ватан хиёнат ба ватану миллат аст.