Ин тeррористони бадхоҳ кӯшиш карданд, ки муҳоҷирони тоҷикистонии муқими кишвари Аврупоро бо таблиғоти ифротиашон гумроҳ карда, ба сафи худ ҷалб намоянд. Бо ин роҳ мехостанд худро ҳамчун як нерӯи мухолифи бузург намоиш диҳанду таваҷҷӯҳи созмонҳо ва доираҳои манфиатдори хориҷиро ҷалб созанд, то пули бедардимиён ба даст оранду сукунати худро дар Аврупо идома диҳанд. Бо ин мақсад сентябри соли ҷоӣ якчанд нафар хоину ҷинояткории ифротӣ дар Варшава ҷамъ омада, созмони нав ташкил доданд. Ва ба хотири воҳимаю таблиғи бештари амалҳои тахрибкоронаашон онро эътилофи «Паймони миллии Тоҷикистон» номиданд, ки дар асл ин Паймони зидди миллати Тоҷикистон аст.

Таҳлили раванди воқеаҳо нишон медиҳад, ки ташкили ин эътилоф як амали дурӯғи наст ва оянда надорад. Зеро созмонҳое ки ба ин иттиҳод гӯё шомил гардиданд, дар асл ҳар сеашон пештар аз тарафи террористони наҳзатӣ барои фиреби назар сохта шуда буданд. Террористони мазкур бо ин амалашон нишон доданӣ буданд, ки гӯё бо неруҳои дигари муҳоҷирони тоҷикистонӣ эътилоф кардаанд. Аммо дар асл, ин эътилофи наҳзатиҳо бо худашон аст.

Роҳбари ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҳисоби пули хоҷагони хориҷиаш солҳои зиёд сарват ба даст овардааст ва ҳатто баъди фирор дар Аврупо ҳам ба ивази ватанфурӯшию амалҳои зиддимиллиаш ба ҷамъоварии пулу мол машғул аст. Шарм надошта аз демократия, ҳуқуқи инсон ва озодӣ сухан мегӯяд, аммо аз амалҳои даҳшатноки ба сари мардуми тоҷик овардаи ташкилоти худаш ёдовар намешавад. Солҳои нақвадуми асри гузашта масъулону ҷангиёни ин ташкилоти хунхор дар кишварамон ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд, онҳоеро ки мухолифи ақидаҳои ифротиашон буданд, қатлу ғорат карданд. Солҳои баъди истиқрори сулҳ низ бо вуҷуди авф гардидан ин гурӯҳи хиёнаткор террору ҷинояткориашонро идома доданд. Ҳатто дар соли 2015 даст ба табаддулоти давлатӣ зада, бо роҳи зӯрӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб кардан мехостанд.

Имрӯз низ ҷинояткорони мазкур душманию таҳрибкории худро бар зидди ватану миллат идома медиҳанд, вале ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд, зеро мақсаду ҳадафи нопок доранд. Мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирон ҳам дигар огоҳ шудаанд ва аз паси ин палидони нохалаф намераванд.