Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо ташкили ҳамоише сарбозони қисмҳои низомиро аёдат намуданд.

Ҳамоиш таҳти унвони “Заҳмати дастони модар” дар асоси  нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил гардида, дар доираи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва фаъолзанон бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд ва заҳмати дастони модар – таомҳои гуногуни миллиро пешниҳоди сарбозон карданд.

Баҳри болидахотирии аскарон барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод карда шуд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд