Зуҳуроти терроризм ба субботи амнияти кураи замин хавфухатари бениҳоятзиёд дорад.Хатарҳои замони муосир моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ нафароне дида мешавад, ки истифода аз ваъзияти амалкунандаи имрӯза, ниятҳои ғаразноки худро бо суханҳои бардурӯғу ва беасос амалӣ созанд, аз гуфтаву паёмҳояш маълум мегардад, ки онҳо ҳарисони мансабу вазифа ҳастанд.Яке аз ин хоинони миллат Кабирӣ мебошад, ки дар баромади худ оиди ҷавонмардӣ, рӯшанфикрӣ ва адолатпарварӣ таъкид кард, аммо то ҳол иқрор нашуд, ки худи ӯ сабабгори қотили чандин фарзандони асилу барӯманди тоҷик, ба мисли Осимию Исҳоқӣ, Муҳиддини Олимпур, Караматулло Қурбон ва 150000 қурбониён аст. Ва имрӯз талош дорад, рӯзҳои нангинро боз бар сари мардуми тоҷик орад. Кабирӣ шахсе мебошад, ки ояндаи худро ҳатто дақиқу пешгуи карда наметавонад, Пас чӣ тавр дар чунин ҳолат бо ҳамроҳи хаммаслаконаш фитнакорона рӯ ба тахминзанӣ ва пешгӯиҳои пайғамбаронаи худ талош доранд, барои манфиатҳои худӣ дар шуури ҷамъият ҷо кунад гуё Тоҷикистон вазъи сиёсии носолим дорад ва сарвари ҳокимият худкома мебошад. Мавриди қайд аст, ки замоне Кабирӣ раиси ҳизби террористӣ буд, ба назар мерасад, ки ҳизб – хизби хонаводагӣ буд, чуночӣ бародараш Якоша Кабирӣ - Узви Раёсати Олӣ, хоҳараш Бибисоро Кабирӣ- ҷонишини мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб, писраш Кабиров Салим – маъсули бахши чавонони ҳизб ва ҳамин тавр раёсати ҳизбро аз ҳисоби пайвандонаш ташкил карда буд.

Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолате сарварии Точикистонро ба ӯҳда гирифт, ки ин давлат аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда буд ва аз тақсимоти молӣ нисбати дагар давлатҳо дар канор монда, ба муаммоҳои дохилиаш ғарқ буд. Ӯ тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафҳои мукобил ҷойдоштаро бо сулҳу субот иваз карда, миллати ҷониби парокандагӣ тамоюл гаштаро гирдиҳам оварад, асиливу сарфарозӣ ва номуси миллиро дар дили онҳо бори дигар ҷой кард ва миллати тоҷикро ба сӯи ободонию созандагӣ равона созад. Дар кӯтоҳтарин муддат тавонист, ки Тоҷикистонро яке аз давлати ободу озод мубаддал гардонид, ки танҳо бадбину нобино метавонад инҳоро инкор кунад.

Дар давоми қариб 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту боздорандаҳо таҳкурсии давлати соҳибиихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем, таъмини иститиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъминоти амнияти озуқавориро самтҳои асосию стратегии давлат табдил додем.

Имрӯз бо шарофати Истиқлолият Ватани маҳбуби мо рӯ ба инкишоф овардааст. Ва мисоли инро дар хушнудии чеҳраҳои пурнури модарону бонувон, дар хандаи беғубори кӯдакон, дар шуҷоати ҷавонон, дар дуои пур аз қаноатманиву шукронагузории пиронсолону мӯйсафедони нуронӣ дидан мумкин аст. Ин аз нури хуршеди истиқлол ва солимии ҷомеа мебошад.

Ҷавонони бонангу номуси миллат ҳеҷ гоҳ ба суханҳои фитнакоронаи хоинон гумроҳ намешаванд ва баръакс барои шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб зери раҳнамои Пешвои муаззами кишвар ба сӯи ояндаи дурахшон равонаанд.

Заррина Зулфиқорзода –мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод