Имрӯз тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои гуруҳи тарғиботӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа бо сокинон ва донишҷӯёни  ноҳия дар  Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод ва дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод  мулоқот  баргузор  гардид.

Дар  мулоқоти мазкур муовини раиси ноҳия Абдусаломзода М.А, сардори шуъбаи ноҳиявии дар  ноҳия  будаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  Давлатов З.Ҷ, муфаттиши прокуратураи ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 3 Машрафзода С. муовини шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар  ноҳияи Зафаробод  Абдуллоев, раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Т ва гуруҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо иштироки дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  академик Бобоҷон Ғафуров - Файзуллоев  Муҳиддин, собиқадори  меҳнат - Миркамолов Махкам, сармутахассиси маркази метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  вилоят Музафаров Эркин иштирок  намуданд  ва  дар  масъалаи  мубрами  рӯз  баромад  намуда, таъкид  карданд,  ки имрӯзҳо ҷомеаи  ҷаҳониро хатаре бо номи терроризм ва экстремизм фаро  гирифта дар шароити ҳассосу таҳаввулпазири низоми ҷаҳонӣ таҳдиду талошҳо ба амну суботи ҷомеаи башарӣ ба таври бесобиқа ва бо шаклу намудҳои мухталиф ба маротиб боло рафта истодааст. Ҷаҳони муосир бо як қатор мушкилоту муаммои ҷиддӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводди мухаддир, харидуфуруши аслиҳа ва ғайра рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа дар иддаи аз кишварҳо на танҳо оромишу субот, балки тамомияти арзӣ ва мавҷудияти онҳо таҳти суол қарор гирифтааст.

Мутассифона, дар замони муосир афрод, гурӯҳҳо ва қудратҳои ҳадафманд аз рӯи нақшаи пешаки таҳияшуда мехоҳанд барои шаклгирии ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо замина гузоранд.