mt3.org

Имрӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯрии Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо донишҷӯëни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон низ иштирок доштанд.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат ҷавононро ояндаи миллату давлат арзëбӣ намуда барои мутахасиси хуби соҳа гардиданашон имкониятҳои хуби таҳсил фароҳам карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерўи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳтдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш ба ин қишри ҷомеа такя намуда қайд менамоянд; «Ҷавонон бояд, аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориҳоро омўзанд. Дўстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандўзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони кишвар бошад».

Имрўз ҳар як ҷавони бонангу ватандўстро мебояд, ки шукрона аз тинҷиву оромии кишвари худ намуда, ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи пешвои муаззами миллат донишҳои муосирро омўхта, ҳамчун насли ояндасоз дар рушду нумўъи Тоҷикистони азизи хеш саҳмгузор бошад.

- Шумораи умумии аҳолии ноҳия ба 80378 нафар расида аз ин 33051 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки 42,8 фоизи аҳолии ноҳияро дар бар мегирад.

- Соли ҷорӣ аз 902 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ 544 нафарашон ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуданд, ки 60,3 фоизи хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро ташкил медиьад.

- Дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар 2493 нафар донишҷўён аз ноҳияи Зафаробод барои гирифтани маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд.

- Давоми 5 соли охир бошад, дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ аз ноҳияи Зафаробод зиёда аз 68 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсили илм доранд.

- Соли равон бошад, тибқи квотаи президентӣ 17 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

- 63 нафар хатмкардагони таълимгоҳҳои ноҳия дар мактабҳои олии Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд, ки ин дастоварди ифтихории соҳаи маорифи ноҳия мебошад.

Шумо ҷавонони хушбахтед, ки сазовори номи бошарафи донишҷўӣ гардидаед, касбу кори мухталиф ва масъулиятнокро пешаи худ намудаед. мақому мартабаи соҳибмаълумот ва соҳибкасб дар назди ҷомеа ҳамеша баланд аст.

Ҷавонони ноҳияи Зафаробод, ки қисми асосии сокинони ноҳияро ташкил медиҳанд дар рушд ва шукуфоии диёр саҳми сазовори худро мегузоранд.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳтдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми заҳматкаши ноҳияи Зафаробод як ифтихору сарбаландӣ мебошад, зеро  симои ноҳия низ рўз аз рўз тағйир ёфта, корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза мегирад.

Итминони комил дорам ки шумо баробари соҳибкасб шудан ба ноҳия омада бо истифода аз донишу истеъдоди худ барои рушди диёр саҳми сазовор мегузоред, зеро маҳз шумо ҷавонон метавонед бо ғояҳои ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ҳисси баланди бунёдкориву созандагӣ баҳри рушди ҷомеа саҳмгузор бошед.

Дар охир Раиси ноҳия ба донишҷўён комёбиву хониши хубу аълоро таманно намуда ба онҳо кӯмаки моддӣ мусоидат намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия     Шоназаров Ш.

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд