mt3.org

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми шарафманд ва меҳнатқарини ноҳия!

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун дигар давлатҳои мусулмонӣ Иди Қурбон чун иди аҷдодӣ ва садоқату меҳрубонӣ, ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил карда мешавад.

Ин рӯзи муборак барои ҳар як фарди ҷомеа иди муътабар ва гиромӣ аст. Зиёда аз 1400 сол ин ҷониб ҳамаи мусулмонони олами ислом ин идро ҳамчун иди хайру саховат, иди некию вафодорӣ, дӯстиву рафоқат қайд мекунанд. Аз ин лиҳоз ҳамаи  Шуморо  ба муносибати фарорасии иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракати зиндагӣ ва рӯзгори нек орзумандам.

Иди Қурбон аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмон буда, воқеан ба маромҳои инсондӯстию мурувват ва сулҳхоҳиву меҳрубони бунёд ёфтааст. Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз мардум фаризаҳои асосии иди шарифи Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамуданд.  Муҳимтар аз ҳама  чи хеле, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд ба дармондагону ниёзмандон, ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон хайру эҳсон намудан ба урфияти неки мардуми мо табдил ёфтааст.

Бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо «Ҳикмати қурбонӣ дар он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рўзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рўз бениёз гардонед!"

Зеро ғояи асосии дини мубини ислом эҳтиром кардани инсонҳо ва одамият мебошад.

Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам дар як  ҳадиси мубораки худ фармудаанд: «Аввал чизе, ки худованди таъоло дар тарозӯи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст».

Бори дигар иди саиди Қурбонро ба тамоми сокинони ноҳия табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак ҳамдиёрони азиз!

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд