15 Март 2025
Дар марҳалаҳои аввали азхудкунии заминҳои Мирзочӯли тоҷик, яъне Зафарободи имрӯза, азбаски заминҳои ноҳия дашти нопайдоканор ва макони ҳашароту хазандаҳо ва шамолҳои сахту боду борон буд, давоми солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта дар канори хоҷагиҳои азими навтаъсис ва умуман дар ҷамоатҳои ноҳия хатҳои муҳофизавии ҷангал аз дарахтони қайроғоч бунёд карда шуда буданд. Феълан, тавре мушоҳида мешавад, вазъи хатҳои муҳофизатии ҷангал дар ноҳия беҳбудиро талаб менамояд.
Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар миқёси ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Бо мақсади барқарор намудани хатҳои муҳофизатии ҷангал ва хатҳои муҳофизати ҳамшафатии шоҳроҳ ва роҳҳо имрӯз, санаи 15 марти соли 2025 дар заминҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ дар майдони як гектар зиёда аз 300 бех ниҳолҳои қайроғоч шинонида шуд.