mt3.org

Дар масири ҳифзи истиқлоли давлатӣ

“Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, шиддат гирифтани бархурди манфиатҳои геосиёсии давлатҳои абарқудрат, зуҳури терроризм ва экстремизм, ҳамзамон паҳн гардидани дигар падидадҳои номатлуб дар назди ҳар миллати соҳибдавлат ва соҳибтамаддуни ҷаҳон вазифаҳои муҳиму саривақтиро ба миён овардааст.

Мубрамияти мавзӯъ дар он таҷассум меёбад, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир пеш аз ҳама истиқлоли давлатиро ҳадаф қарор дода тавассути татбиқи нақшаҳои ғаразноки худ хостори дигаргунсозии вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ  ва халалдор намудани суботу оромӣ дар ҷомеа мебошанд.

Ҳифзи истиқлол ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ кафолати рушди минбаъдаи давлат буда, фазои таъсиррасонии нерӯҳои бадхоҳу фитнаангезро маҳв намуда, барои ҷомеа муҳити озод, обод, осуда ва боэътимодро созмон медиҳад. Ба ҳар андозае, ки истиқлоли давлатӣ ҳифз карда шавад, ба ҳамон андоза имкониятҳои мусоид ва суботкорона барои беҳбудии ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда мешавад. Шинохти истиқлоли давлатӣ ва дарки аҳамияти таърихии он муносибати инсонро ба арзишҳои миллӣ ва эҳтироми ватандорӣ қави месозад.

Таҷрибаи кунунии ҳаётӣ собит намуда истодааст, ки на ҳама инсонҳо ба истиқлоли давлатӣ арҷ мегузоранд ва аҳамаияти таърихии онро дуруст дарк карда метавонанд.  Дар иртибот ба ин масъала бидуни дарки аҳамияти истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ комёбӣ дар масири ҳифзи истиқлол зери суол қарор мегирад. Зеро, нафароне, ки қурбонии равияҳои ифротгароӣ гардидаанд ба истиқлолу озодии давлатии худ хиёнат намудаанд, решаи асосии он надонистани вижагиҳои хоси истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.

Истиқлоли давлатӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва сохибихтиёрӣ буда, асоси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, барои  таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаҳои боэътимод мегузорад. Миллате, ки дар фазои софи истиқлоли давлатӣ зиндагӣ мекунад, имтиёзҳо ва имкониятҳои муҳими зиндагӣ барои онҳо кафолат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки яке аз рукнҳои асосии пойдории истиқлоли давлатӣ, ин ваҳдати миллӣ буда, бидуни таъмини сулҳу оромӣ ва осудагӣ давлатдориву давлатсозӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ номумкин мебошад. Суботи сиёсӣ имконият медиҳад, ки ҳар як миллати ватандӯст бо андешаҳои олии миллии худ дар ташаккули рукнҳои давлатдорӣ саҳмгузорӣ намуда, марҳила ба марҳила ватани худро обод намояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии истиқлоли давлатиро чунин шарҳ додаанд; “Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад”.

Бо дарки истиқлоли давлатӣ бояд қоидаҳои арзи эҳтиром ба ватани худ сармашқи амали муназзами ҷомеа бошад. Саволе ба миён меояд, ки эҳтиром ба давлати худ дар кадом шакл зуҳур меёбад. Ҷавоб чунин аст: бояд ҳар як шахс аз истиқлоли миллии худ ифтихор намояд, барои устувории он софдилона хизмат кунад, ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя намояд, нисбати нокасоне, ки ватани моро таҳқир меунанд ва пешравиҳои бесобиқаро нодида гирифта аз вазъи воқеии ҷомеа чашм мепӯшанд ва ноодилона баҳо медиҳанд, аз мавқеи ватандорӣ баромад карда, чунин амалҳоро маҳкум намояд.

Хонандаи гиромӣ, такроран изҳор менамоям, ки истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба ҳам пайванди амиқи таърихӣ дошта, ҳифз ва таъмини пойдории онҳо асоси давлатдорӣ мебошад. Таърихи соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки асоси пойдории истиқлоли давлатӣ таъмини оромиву осудагӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат мебошад. Дар замоне, ки кишвар гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрванди гардида буд, рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ки ин раванд ба миллати соҳибтамаддуни миллати тоҷик ноумедиро ба миён оварда буд. Маҳз бо талошҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи дурнамои олии давлатдорӣ ваҳдати миллӣ ба тамоми бетартибиву нооромии давлат хотима дода, фазои софу беғуборро дар мамлакат таъмин намуда, роҳи минбаъдаи давлатдориро ба сӯи дастовардҳои таърихӣ раҳнамои сохт.

Аз гуфтаҳои болоӣ чунин бармеояд, ки замоне, инсон ба қадри истиқлоли давлати ва ваҳдати миллӣ намерасад, ба паёмадҳои сангин дар таърих рӯ ба рӯ мегардад ва тамоми саодату хушбахтӣ ва ормонҳои олии миллӣ, пеш аз ҳама мавҷудияти истиқлоли миллӣ зери хатар қарор мегирад. Аз ҷиҳати дигар дар радифи таъсири манфӣ ба сохтори сиёсии давлат, ҳамзамон арзишҳои инсондӯстӣ, одобу ахлоқ ва нангу номуси инсонӣ поймол мегарданд.

Вобаста ба ин, ба андешаи мо барои халалдор нагардидани истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таърих барои шахсони ватандӯст ва ватанпарвар рисолати бузурги шаҳрвандӣ ва ватандориро мушаххас ба миён мегузорад:

-дарки истиқлоли давлатӣ ва аҳамияти он;

-дарки ваҳдати миллӣ ва ташаккули фарҳанги сулҳпарварӣ;

-содиқ будан ба ватан ва ҳифзи якпорчагии он;

-шинохти мавқеи воқеии равияҳои ифротгароӣ;

-ташаккули сатҳи баланди биниши манфиатҳои миллӣ;

-доштани андешаи ватандорӣ ва мавқеи устувор;

-омӯзиши таърихи гузашта, имрӯза ва бо андухтани таҷрибаҳои хуб саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони ватани аҷдодии худ.

Вазифаҳои мушаххасе, ки мо дар иртибот ба ҳифзи истиқлоли давлатӣ баён намудем, саривақтӣ буда, азхудкунии онҳо ва дастурамалӣ фаъолияти ҳамарӯза қарор додани онҳо миллати соҳибдавлатро дар масири ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба натиҷаҳои бузург ва бесобиқа дар эҳёи давлатдорӣ ноил мегардонад.

Мо дар боло оид ба моҳияти истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ назари худро баён намудем. Акнун дар бобати дигар ҷузъиёти мавзуъ вобаста ба механизмҳои муносиби ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ки дар боло дарҷ намудем, андешаҳоро баён менамоем.

Содиқ будан ба ватан ва ҳифзи якпорчагии он воқеан барои шахсони ватандӯст омили асосии бедории миллӣ ва ҳисси баланди миллӣ мебошад. Содиқ будан ба ватан-ин доштани назария ва амалҳои мушаххас нисбати ватан буда, инсонро аз таъсири манфии нерӯҳои тундгароӣ эмин нигоҳ медорад. Чунин инсонҳо, ҳеҷ гоҳ ба давлати худ хиёнат намекунанд, барои пойдории он мубориза мебаранд ва намегузоранд, ки касе онро таҳқиру таҳдид намояд. Ба ифодаи дигар вориси ҳақиқии ватан ва миллат мебошанд.

Шинохти мавқеи воқеии равияҳои ифротгароӣ дар замони имрӯза барои ҳар як инсони солимақл ва ватандӯст хело муҳим мебошад. Гирифтани иттилоъ оид ба ҳадафҳои ғаразноки онҳо мусоид мебошад, зеро ҳамарӯза тавассути расонаҳои хабарӣ дар бораи амалҳои ноҷавонмардона ва нотавонбинонаи онҳо садҳо мақолаҳои илмӣ бо нигоштани далелҳои таърихӣ ва воқеаҳои имрӯза интишор гардида истодаанд. Ба андешаи мо мавқеи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест, зеро имрӯзҳо дар натиҷаи рафторҳои ношоистаи онҳо одамони зиёди бегуноҳ вафот намуда истодаанд. Пас  ватандӯстиву инсондӯстӣ куҷосту ҷоҳилии онҳо куҷост. Фарқ беохир аст. Дар тамаддуни инсоният барои онҳо ҷой нест, зеро амалҳои онҳо сарчашмаи носуботиву бадбахтӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ унсурҳои асосие, ки мо барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ баён намудем, дорои хусусияти хоса мебошанд. Барои дастёби ба онҳо аз мо доштани нерӯи баланди зеҳниро тақозо менамоянд. Вақте, ки инсон маърифати баланд дорад ва илмҳои муосирро дуруст азхуд намудааст, шахси ватандӯсти комил мешавад ва дар мубодилаи афкор бо дилхоҳ табақаҳои ҷомеа, бо назарияҳои муҳими илмӣ ва ватандӯстӣ мавқеи худро ҳифз менамояд.

Хулоса, ҳифзи истиқлоли давлатӣ бузургтарин ғояи давлатдорӣ ва ватандорӣ ба ҳисоб рафта, асоси шаклгирии он дар мафкураи ҷомеа, пеш аз ҳама доштани муносибати одилона ва оқилона ба таърих, дастовардҳои таърихӣ, пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  ва дигар манфиатҳои умумимиллӣ маҳсуб меёбад. Миллате, ки ба истиқлоли миллии худ эҳтиром дорад, ҳамеша дар дифои он омода аст, ба ҳеҷ қимате онро иваз намекунад  ва нахоҳад кард, баръакс ба рукнҳои пойдории он нерӯи бузург мебахшад.

Таманниёти мо пойдории истиқлоли давлатӣ ва пешрафту ободии Ватан

мебошад.

 

Мудири бахши умуми назорат ва

муроҷиати шаҳрвандони

дастгоҳи раиси ноҳия Боқизода Фатҳулло.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд