mt3.org

 

Санаи 23-юми июни соли 2020 дар асоси Амри раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз 18-уми июни соли 2020, таҳти №20 «Оид ба таъсис додани гурӯҳи корӣ барои тақвияти коргузорӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Мирмуҳаммедов Ш., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Боймуродов Ф., мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Миракшоев А., мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мирзоев А., мудири бахши хадамоти муҳоҷирати ноҳия Турсунов И. ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Н. дар Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ барои тақвияти коргузорӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот корбарӣ намуданд. Дар рафти корбарӣ оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус «COVID-19» ба аҳолӣ, кормандони муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд