mt3.org

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти  ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон дар амалҳои он терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Мо хеле хуб медонем, ки мақсади ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ аз суст кардани амнияти мамлакат, ҷасб ва азхуд намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ иборат аст.

Ин ҳизб то соли 2015 гарчанде ба таври қонунӣ фаъолият дошт ва зери ин парда ҷаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияташ ба таври қонунӣ манъ карда шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ  буд. Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони ҳизби назҳати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду ободии Ватани азизамонро дида наметавонад. Аз ин рӯ ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу оромӣ ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.

Имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузошта аст. Аз ин лиҳоз аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ ба муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Нагузорем, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва  ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор тадбил диҳад. Аз ин рӯ бархе аз ҷавонон ба ҳаёти осоишта, неъмати бебаҳои давлати соҳибистиқлол ва хоку оби кишвари биҳиштосо  ношукрӣ намуда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Имрӯз дар зери ҳавову ҳавас, сарват ва ё мумкин  гумроҳӣ ашхосе, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомилгардида  амалҳое содир мекунанд, ки он ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Дар байни онҳо ашхосе низ ёфт мешаванд, ки аз кардаи худ пушаймон шуда ва ё дар ин роҳ ҳалок гардиданд. Онҳо натанҳо ҷони худ, балкӣ ҷони фарзандони худ, хешу табор, падару модари хешро ба хатар гузоштанд. Ин гуна ашхос дер дарк намуданд, ки оқибати кори онҳо ба беномунишонӣ, ноумедӣ ва пушаймонӣ оварда мерасонад.

Ҳар яки мо новобаста ба синну сол, ба хоки Ватани худ, авлоди худ, падару модари худ содиқ монда, аз ҳаёти барҳақ биҳиштосо шукргузорӣ намуда, барои халқу Ватани худ содиқона хизмат намоем.

Кулли шаҳрвандони мамлакат ба пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.

12 майи соли 2018 дар Коҳи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд. Аз ҷумла таъкид гашт, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватан, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард. Мо, занҳо боварии комил дорем, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаландиамон побанди ақи-даҳои  ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИТ ва ҳаммасла-конаш нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст!

М. ҚАЮМОВА, раиси Шўрои занони ҷамоати шаҳраки Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд