mt3.org

Бо ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Пеш аз  ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абадқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои  ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои  ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем:

Мафҳуми радикализм  ҳамчун истилоҳ дар адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зеро ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани  ҳақиқат  ва қонуниятҳои иҷтимоӣ таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Воҷаи радикализм ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Онро  ҳамчун маҷмӯи андешаҳои  ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки бо мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтиомии ҷомеа мебошад, истифода мебаранд.

Дар ҷаҳони муосир  ва замони пурихтилоф  ҳизбу  ҳаракатҳо ва созмонҳое  ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба  ҳар роҳу васила ва  ҳатто тундравона амалӣ созанд.

Чуноне ки собит шудааст, радикализм маҳсули эҷоди идораҳои иктишофии ИМА, Арабистони Саудӣ ва Покистон буда, дар нуқтаҳои муҳими даргир, ки коргардонҳояшон бо нақшаҳои пешакӣ макон вақт сабаб ва оғози табаддулот ва ҷангҳои таҳмилиро тарҳрезӣ менамоянд, аз ин бадбахтиҳо фоидаи калон ба даст меоранд. Дар мубориза бар зидди коммунистҳо дар кишвари Афғонистон солҳои  ҳаштодуми садсолаи гузошта «Ал-Қоида»-ро тавлид намуданд, ки шакл ва роҳҳои муборизаашонро вобаста ба ҷараёни ҷомеа дигар намуда тағйири ниқоб кардаанд. Шакли ниҳоӣ ва маълуми мубориза аз номи Ислом сурат гирифта, дар паноҳи он корҳои ғайриисломӣ амалӣ мешаванд.

Ислом  ҳамчун дин ва идеология то  ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба  ҳайати давлати Россия арзи вуҷуд дошта бошад  ҳам, вобаста ва шароитҳои таърихӣ тағйир меёфт. Пайдо гаштани  ҳаракати маорифпарваронаи «ҷадидизм»  ҳарактери динӣ-идеологӣ дошт. Дар давраи таъсисёбии ҳокимияти Шӯравӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ислом ба сифати рақиби асосӣ ва душмани идеологияи коммунистӣ муқобили давлати Шӯравӣ мубориза оғоз намуд. Ин муқовиматҳо дар шакли  ҳарбӣ-сиёсӣ бо номи  «босмачигарӣ» оғоз ёфт. Баъди шикаст хӯрдани давлати абадқудрати Шӯравӣ мавқеи Ислом  ҳамчун идеологияи навбатӣ руйи кор омад. Тамоми масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ истифода аз дини Ислом  ҳаллу фасл мегардид, зеро ҷиҳати аз  ҳама заифи мардуми мусулмон дин буд. Мардум ба  ҳар иғвову дасиса бовар мекарданд аз надоштани дониш ва маълумоти динӣ ва надонистани ҷавҳари Ислом ба зоҳирпарастиву бегонапарастӣ рӯ меоварданд, ки ин боиси дар Тоҷикистони азизи мо сар задании ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Ин  ҳаводису бадбахтиҳо ба мо дарси ибрати таърих нагашта, моҳи сентябри соли 2015   Ҳоҷӣ  Ҳалим бо дастури ТТЭ  ҲНИТ майли табаддулоти давлатӣ намуд. Хушбахтона, тири ӯ ва ҳаммаслаконаш хок хӯрда, ноком ва шармандаи олам  гардиданд.

Имрӯз ваҳшоният ва ҷиноятҳое, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё аз қабили Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ба вуқуъ омадаанд, наметавонад инсониятро бетараф гузаранд. Барои тамоми сокинони ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин амалҳои бераҳмона ва зиддиинсонӣ хатарнок маҳсуб меёбанд. Дар ин замина намояндагони  ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мехостанд, тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо  намуда, сипас, давлатро соҳибӣ намоянд. Воқеаҳои фоҷеабори солҳои навадум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз натиҷаи он тамошоҳои ниқобпӯшонаи гурӯҳе аз наҳзатиён буд, ки ҳанӯз аз хотирҳо фаромӯш нагардидааст.

Дар чунин шароити таърихӣ моро зарур, ки асоси тафаккури сиёсӣ ва  фарҳанги аҳли ҷомеаро бо ғояҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, хештаншиносӣ, меҳампарасӣ, инсонсолорӣ вусъат бахшида, таъмини амнияти комил,  ҳифзи марзу бум ва татбиқи манфиатҳои умумимиллиро  ҳифз намоем.

Аъзои гурӯҳи «Созанда» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод Д. Ниёзқулова

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд