mt3.org

Шукри Худованди мутаъол, ки имрӯз ватани  азиз ва биҳиштосоям Точикистон, бо рохбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Рахмон, рӯ ба беҳбуди ниҳода дар катори мамлакатхои пешрафтаи чаҳон чой гирифта истодааст. Ин аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медихад. Онҳое, ки ҳодисаxои солҳои навадумро бо чашми сар диданду дар хотир доранд ба қадри ваҳдат бештар мерасанд. Акнун имрӯз мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Мутаасифона, имрӯз баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ бо истифода аз номи поки дини ислом мехоҳанд бори дигар моро ба вартаи ҷудоӣ ва тафриқа андозанд.                                                                                         Борҳо шоҳиди он мешавем, ки одамон бо дин ва ақидаҳои динии мардум бозӣ мекунанд. Садоҳое шунида мешаванд, ки гӯё маҳз роҳбарон ва пайравони ҳизбу ҳаракатҳои ба ном  исломӣ буданд, ки ба тоҷикон сулҳ оварданд – «қаҳрамони миллат», «қамхорони мардум», «модарону падарони миллат»! Аммо дар асл масъала тамоман дигар буд. Имрӯз ошкор гардид, ки шуълаи ин ҷангро кӣ афрӯхт. Аввалан ҷонфидоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тоҷиконро сари як миз овард ва дар натиҷаи кушишҳои зиёд қарордоди сулҳ ба имзо расид. Сониян ноилоҷӣ ва парокандагии гурӯҳҳои мухолиф буд, ки баъд аз куштори мардум, муқобили якдигар бархоста, ҷангҳои дохилиро оғоз намуданд. Дар натиҷа дастаҳои ғоратгари собиқ мухолифини тоҷик пайдо шуда, ба талаву тороҷ  ва куштори мардуми осоишта пардохтанд.                                                 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи талхе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронид, азияту фоҷеаи мардуми ҷангзадаи Сурия, Яман, Либия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳоро ба таври амиқтар эҳсос мекунад. Бахусус ҳангоме, ки ашхос ва қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯ ба монанди Кабирӣ бо суистифода аз боварҳои динии мардум мехоҳанд мақсадҳои нопоки хешро дар кишварҳои мусулмоннишин амалӣ намоянд оқибати он фоҷеабор аст.                                           Расулуллоь (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Дар охири замон гурӯҳе пайдо мешаванд, ки наврасида, навҷавони камақл ва камфаҳманд. Беҳтарин суханҳоро мегӯянд ва Қуръон мехонанд, вале аз гарданашон поёнтар таҷовуз намекунад. Ба иллати сахтгирӣ ва тундравӣ аз дин хориҷ мешаванд, ҳамчунон, ки тир аз камон хориҷ мешавад…» Имрӯз ин гуна шахс Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мебошанд. Бузургони мо фармудаанд: «Парҳез аз он магас ки бо мор нишаст» Он магас Кабирӣ ва пайравонаш мебошанд, ки бояд мо имрӯз аз он парҳез кунем ва ба суханҳои аҳмақонаи онҳо бовар накунем ва ҳар як каф хоки ватанро ҳифз намоем.

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд