mt3.org

Имрӯз, 23 июн дар Боғи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати  хоса таҷлил гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳмонӣ Икром номаи табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи мардуми зафарманди  ноҳия ироа намуд.

Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ мардуми ноҳияро бо ин ҷашни бузургу хотирмон табрик намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро таҳният намуд.

Қайд намуданд, ки аз қадимулайём мардуми тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги волову беҳамтояш, ҳамчун муҳофизони арзишҳои милливу давлатӣ, дорои ахлоқи ҳамидаву наҷиб, ғояҳои инсондӯстиву рафоқат, ҳимоятгарони марзу бум, тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамзистӣ мепиндоштанд. Ин рисолати бузург дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон бори дигар бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ҳамчун идомаи мантиқии ҳидоятномаҳои бузургони илму адаби кишвар баҳри ҳамдиливу якмаромӣ ва ваҳдатмеҳвариву ҳамзистӣ исботи амалии хешро дарёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар барномаи театркунонидаи ҷашнӣ саҳми аҳли фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия басо назаррас буд.

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод.

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд