mt3.org

 

Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки инсонҳо дар раванди зиндагияш тамоюли бештар ба орзуву ҳавасҳои хеш пайдо намуда, пайваста саргарми баровардани он хаёлоти рӯё мегарданд. Касеро ё амали касеро ба «идеал»-и худ қарор дода, дар пайравии он нақшаи зиндагияшро тарҳрезӣ менамояд. Усулҳои жалб кардани жавонон ба ташкилотҳои террористӣ гуногун буда, каме бошад ҳам тавонистанд жавононро ба ин самт жалб намоянд. Аксари жавонон надониставу жоҳилона, ба ин гуна равияҳо пайваста, баҳори хуррами умри худро ба сароб табдил додаистодаанд. Аа шахсони солхӯрда пурсон шавем, ки кадом лаҳзаи умри худро бештар ба хотир меовареду ба он солҳо баргаштан мехоҳед, бе ягон мулоҳиза аз замони жавонии худ ёд мекунанду хоҳиши зиёди баргаштан ба он солҳоро мекунанд. Аз ин рӯ, бояд имрӯзҳо ҳушёриву зиракиро аз даст надод. Шароит барои бероҳасозии жавонон муҳайё насозему баракс аз пайи бунёди саодати ҳар ду дунё бошем.


Борҳо аз жониби бузургони сухан тазаккур ёфтааст, ки дар ҳама вазъият, ҳатман аз пайи донишазхудкунӣ бошему соҳиби баланди маърифати инсонгароиро соҳиб гардем. Агар жавон дониши хуби диниву дунёиро мукаммалро аз худ карда бошад, ҳатто шайтон ӯро фирефта наметавонад. Афсуси зиёд, ки дар ин даврон хавфи терроризму экстромизм дар тамоми рӯи замин реша паҳн намуда истодаасту баҳри бартараф намудани он чандин нафарони бегуноҳ қурбон гашта истодаанд.

Усули аввалини жалби жавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ин ваъдаи зиёди пулӣ, ҳаёти хуб, таъминоти моддии оила мебошад. Кам нестанд жавонони ташнаи маблағи зиёди бемеҳнат, ки дар ин роҳ ҳатто палидтарин амалҳоро содир намуда истодаанд. Онҳо дар андешаи онанд, ки ба ин гуруҳҳои манфур шомил шаванд, маблағи зиёдро ба даст оварда ҳисоб мешаванд. Вале мутаассифона дар ин роҳ ба чуз аз бохтани ҳаёти худ дигар чизеро ба даст наовардаанд.

Усули дигар ин моилсозии мафкуравӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ мебошад. Дар паси оинаи интернет нишаста, мафкураи тозаи инсонҳоро бо ҳар гуна суханҳои дуруғу бофта вайрон намуда истодаанд. Интернет дар ҳаёти имрӯза мафҳумҳои зиёдеро касб намуда, барои жоҳил жаҳолат, барои жинояткор жиноят, барои дузду авбош дуздӣ, барои олим манбаи дониш, барои мусалмон даъват, барои золимон разолат буда, ҳамчун сарчашма хизмат менамояд. Танҳо истифодаи дурусти онро омӯхта, дар роҳи хайр корбаст намуд.

Усули сеюм - ин худнамоишии жавонон, гуё онҳо нотарс ҳастанд ва бо ҳамин роҳ «мардонагии» худро нишон медиҳанд. То як андозае дар байни чавонони бесавод ва бе тачриба «модда» шудааст.

Айни ба фаъолияти экстромистӣ дар Тожикистон «Салафиҳо», «Ваҳҳобиҳо» жавононро ба гуруҳҳо худ шомил намуда истодаанд. Мебояд байни ин гуруҳҳо монеаи устуворе буд, ки натовонанд бо суханҳои пучу нохуб инсонҳоро бероҳа насозанд. Бедории жавонон ин ояндаи бофароғт ва ҳаёти бо суботи онҳост.

Ирода Игамова омӯзгори Коллежи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гур=ьи «Созанда».

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд