mt3.org

 

Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар кишвар, минтака ва чахон суханрони намуда, таъкид доштанд: «Точикистон хамчун давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд ва дунявию ичтимои узви чомеаи чахони буда, дар чараёни тахаввулоти босуръати чахонишавии муносибатхои иктисодию ичтимои ва рушди сохахои гуногуни хаёт карор дорад».

Имруз дар як катор давлатхои исломи чангхои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни ичбори, гуруснаги ва шиддат гирифтани проблемахои дигари ичтимои гардидаанд. Терроризм ва ифротгарои беш аз харвакта авч гирифта, бо окибатхои дахшатбору берахмонаи худ ба проблемаи чиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Таквият ёфтани ташкилотхои радикалии исломи ва террористи, ки тарсондан ва хушунатро хамчун як воситаи мухим барои татбики манфиатхои худ пайгири мекарданд, боиси нигаронихои чидди гашт. Аз оғози ба даст овардани истиклолияти давлати Чумхурии Точикистон ба яке аз масъалаи мухим ба монанди таъмини амнияти минтакави ва милли дучор гардид. Яке аз ташкилотхои чудоандози терористи ин хизби нахзати исломии Точикистон мебошад.

Аз руи хабари сарчашмахо ТЭТ ХНИ вактхои охир аз тачрибаи маккоронаи ДИИШ эхтиёткорона истифода бурда, усулхои махфии наверо ба манфиати нахзат ва масъулинаш барои чалби чавонон ба халкаи худ мавриди истифода карор додааст. Масъулини ХНИ дар ин давра барои худро дар назди хочагонаш сафед кардан аз хеч кор даст намекашиданд. Ин гуруххои нахзатиро нафароне ташкил медиханд, ки дар кароргоххои махфии низомии ДИИШ таълими террори гирифта, бевосита ба содир намудани чиноятхои мудхиш, аз кабили катлу ғорат, одамрабои, одамкуши ва рохзани рохбалади карда мешаванд ва ин гуруххоро “чанговарони кавииродаи нахзат” ном мебаранд.

Имрузхо хамаи ин ба мо маълум гашт, ки максади рохбарони ТЭТ ХНИ ба даст овардани хукумронии давлат ва чори намудани режими Ихвон-ул-муслимин будааст. Худи ХНИ шохае аз Ихвон-ул-муслимин буда, бештари рохбарони он дар асоси китобхои саркардагони ихвони хадафхои худро барои бунёди давлати исломи ба рох мондаанд.

Дар Чумхурии Точикистон тибки конунгузори фаъолияти созмонхои экстремистию террористи мисли «Ал-Коида», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Харакати исломии Ӯзбекистон», «Хизб-ут-Тахрир», «Салафия», «Чамоати таблиғ», «Чамоати Ансоруллох», «Чабхат Ан-Нусра», «Гурухи-24» ва Хизби нахзати исломии  ғайриконуни эълон карда шуда, фаъолияти онхо дар каламрави кишвар манъ гардидааст.

Хамин тарик, шахрвандони чавон сафи созмонхои экстремисти ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд чавонони точик хам истисно нестанд. Хамаи гуруххои экстремистии чавонон характери ғайрирасми доранд. Барои хамин хам аксар вакт чавонон дар бораи заминаи идеологи доштани ин гуруххо ва харакатхои ифроти тасаввурот надоранд ва онхо зери таъсири шиорхои баланд, хусусиятхои зохири ва чузъиёти дигар карор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии чавонон ба гуруххои ифроти ин истифодаи васеи сомонахои интернети мебошад. Созмонхои экстремисти ва террористи аз ин усул бо пахн кардани сабтхои видеои, наворхои таблиғоти ба равони чавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, хатто ба “чиход” ва чанг даъват менамоянд.

Хусусияти дигари чавонон хамчун субъекти ичтимоии муносибатхои сиёси аз хусусиятхои шуури чавонон, ки на танхо бо синну сол, балки ба вазъи ичтимоию иктисоди ин гурух вобаста аст, алокаманд мебошад. Бояд кайд намуд, ки мафкураи чавонон хеле ба осони зери таъсири омилхои иктисоди, ичтимои, сиёси, дини карор мегардад. Аз ин ру, сарнавишти чавонон аз он куввахои сиёсие, ки бештар ба ташаккули чахонбинии онхо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад.

Точикистон аз назари демографи дар холи рушди доими карор дорад ва аз нисф зиёди ахоли, яъне кувваи асосии пешбарандаи онро чавонон ташкил медиханд. Бинобар ин, Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон масъалаи наврасону чавонон ва халли мушкилоти хаёти онхоро яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат эълон кардааст. Ба хотири таъмини шароити донишомузии наврасону чавонон солхои охир аз тарафи давлат ва Хукумати Чумхурии Точикистон корхои зиёде ба сомон расонида шуданд. Имрузхо беш аз 12 хазор нафар чавонони сохибистеъдоду лаёкатманди точик дар хоричи кишвар аз хисоби давлат тахсил карда истодаанд. Новобаста ба кушишу дастгирихои хамачонибаи давлат ва хукумат холо хам мушкилоти чавонон, яъне ба мазхабу равияхои бегона шомил гардидани баъзе аз онхо чой доранд.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ходисахо пеш аз хама дар сатхи паст карор доштани тарбияи чавонон, робитаи нокифояи падару модарон ба мактаб, риоя нагардидани талаботхои Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки ба дарсшикании чавонон ва афзоиши чинояткори оварда мерасонад, дида мешавад.

Ташкили кор оид ба пешгири намудани чавонон аз шомилшави ба гуруххои экстремисти зина ба зина якчанд мархаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномахои махсус бо чавонон ва наврасон дар муасиссахои тахсилоти миёна ва оли, чорабинихо ва вохурихо, махфилхо, мизхои гирд бо иштироки намояндагони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти хифзи хукук ва кормандони чомеаи шахрванди гузаронида шаванд.


Субъектхои бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд, аз чумла амнияти зиддитеррористиро дар доираи салохияти худ тибки мукаррароти Конститутсия, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза барзидди терроризму экстремизм» ва дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд, бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми дини, чомеаи байналмилали хамкорихои худро бо максади пешгири ва решакан кардани амалхои террористи таквият дода, механизми мукобилиятро бар зидди он дар асосхои хукукхои байналмилали такмил диханд.

Мухиддинов Н.

аъзои гурухи «Созанда»

 

 

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд