mt3.org

 

Намояндагони ваҳҳобия, Салафия ва ТЭТ ҲНИ як мушт афроде ҳастед, ки барои манфиятҳои худ бузургтарин арзишҳоятонро мефурўшед. Аслан арзишҳо ба Шумо бегона аст. Касе, ки арзишро мешиносад пеш аз ҳама арзишҳои милливу давлати худро мешинохт. Шумо як гурўҳ намонядагони хурофотпарасту ҷоҳталаб бо ҳаргуна тасмимҳои ғаразмандона наметавонед, боварӣ ва эътимоди мардуми тоҷикро бишканед. Имрўз халқи тоҷик дуруст дарк карда, ки Шумо ягона душмани кишвар ҳастед ва аз паси Шумо рафтан хиёнати нобахшидани барои миллату давлат мебошад.

Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафсатаву ваъдаҳои дуруғ як гуруҳ одамони бесавод ва хурофотпарастро сарҷамъ намуда, хиёнати худро давом дода истодааст, дар таърихи навини тоҷик хиёнаткортарин тоҷик ҳаст. Кабирии хиёнаткор, ки таърих ёд надорад. Гурўҳҳои ифротии салафия, ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИ имрўз мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд. Маълум мешавад, ки афроде берун аз кишвар кўшиш доранд бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамон созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гурўҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину хурофотпарсатӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки дар замони имрўз бо мафкураи динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аҳли илму ҷаҳонӣ борҳо гуфтаанд, ки замони дину хурофот кайҳо гузаштааст. Намояндагони гурўҳҳои мазкур аксаран ба илмҳои муҳими замонавӣ огоҳи

надоранд. Як гурўҳҳои беилму хурофотзада, ки ба ҷуз суханони мутаасибони хоҷагони дигар ба хеҷ чиз бовар надоранд. Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки гурўҳҳои мавриди назари мо наметавонанд, ки барои пешрфти соҳоти мухталифи ҷомеа нақши муассир гузоранд. Инҳо танҳо ҷавоноро ба нодониву ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ талқин намуда, кишварро аз пешрафт боз медоранд. Имрўз барои ҳар тоҷики бонангу номус зарур аст, ки андешае дар бораи амният ва ваҳдати миллии кишвари худ дошта бошад.

Аз ин рў, зарур аст, ки барои нигоҳ доштани ҳамин амният, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ҳамеша омода ва ҷоннисор бошем. Барои ҳар инсон рисолати аслӣ ва инсонӣ ин аст, ки пеш аз ҳама ватани худро дўст дорад ва ҳама гуна манфиятҳоро аз манфияти ватан боло надонад. Боиси таассуф аст, ки намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрўз бо дастури ғаразмандонаи хоҷагони беруна кўшиш доранд, дар ҷангҳои ҷоҳталабони гурўҳҳои эктрамистиву терорристӣ, ки ба арзишҳои маънавию миллиамон бегонаанд, ҷони азизи худро аз даст диҳанд. Маълум аст, ки ин ҷоннисориҳои эшон ба ҷуз марги муфоҷо дигар ҷиз нест.

Ҳоло замонест, ки барои ватани худ хизмат кард ва барои халқу миллати худ номи неке аз худ боқи гузошт. Маълум аст, ки бархе аз давлатҳои исломӣ пешрафти кишвари моро комилан намехоҳанд. Аз ин рў, бо кўмак кардан ба ТЭТ ҲНИ мақсадҳои ноҷавонмардонаи худро амалӣ намудани ҳастанд. Марги бархе аз ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои имрўза хеле ташвишовар мебошад. Ташвишовар аз он аст, ки аз роҳи иштибоҳоту нодонӣ андеша ва ҳисси ватандўстии худро аз даст додаанд. Имрўзҳо бо номи дини мубини Ислом ҳаракатҳои ғаразмандонаи гурўҳҳои терористиву экстрамистӣ оромиву амнияти кишварҳоро халалдор кардаанд ва ҷони ҳазорон инсони бегунаҳро рехтаанд. Дар ин қатор Шумо намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ низ ҳастед, ки аз ҷониби Тоҷикистон муаррифӣ мегардед. Баъзе аз намояндагони давлати исломӣ дар мамлакатҳои исломӣ кўшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳро ба сўи ҷангу хунрезӣ хонанд.

Мо бо шумо намояндагони ТЭТ ҲНИ гуфтанием, ки ба кўшишҳои ноҷавонмардонаи бархе аз душманон ҳамроҳ нашавед. Шумо хуб медонед, ки ҳеҷ кас ба ҷуз худи мо ғами давлату миллати моро намехўрад. Давлатҳои ҷангзадаву харобгардида маҳз аз сабаби ҳамин гуна нофаҳмиҳо ба сари давлати худ чунин рўзи сиёҳро овардаанд. Шумо намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои халқи тоҷик бояд хизмат намоед ва он хатоии худро ислоҳ кунед. Замоне фаро расидааст, ки аз баҳри ТЭТ ҲНИ бароед ва тоҷик будани худро ҳаргиз фаромўш насозед.


Номвар Мухиддинов аъзои гурухи «Созанда»

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд