mt3.org

 

Салафия чун ТТЭ ҲНИ равияи ифротӣ ҳисоб  меёбад. Калимаи  салафия аз термини арабии «салафа»  гирифта шуда, маънояш ибтидо, аввалин мебошад. Ин равия ҳамчун ҷараёни ифротӣ-динӣ дар асри понздаҳум пайдо шудааст.Ибн Абдулваҳҳоб аз тарғибгарони  салафия мебошад. Ин афрод асосгузори равияи «ваҳҳобия» низ мебошад. Марказ ва макони салафия дар Арабистони Саудӣ ҷойгир мебошад.

Фаъолияти «салафия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун  ҷараёни ифротгаро  мамнуъ эълон карда шудааст.Салафияҳо  ба се гурӯҳ ҷудо шудаанд. Салафияҳои «ҷиҳодӣ», «малхалӣ» ва «сарварӣ». Ҳамаи ин гуруҳҳо пайравон ва сарварони худро доранд. Дар Тоҷикистон салафияҳо ба кадоме аз ин гурӯҳҳо мансубанд, то ҳанӯз маълум нест.

Имрӯз се омили асосӣ боиси мавҷудияти салафия дар Тоҷикистон мебошад.Онҳое, ки дар кишвари Покистон таҳсили илм кардаанд, имрӯз ин ҷараёнро дар кишвари мо тарғиб менамоянд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ омили дигари  фаъолият намудани салафия дар Тоҷикистон мебошад. Бисёр ҷавонони гумроҳ дар Федератсияи Руссия бо пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетӣ ба доми пайравону тарғибкунандагони ин ҷараён меафтанд.

Дастгирии бевоситаи  салафия бо маблағҳои  шайхони сарватманди хонаводаи Оли Саъуд омили сеюми мавҷудияти салафия мебошад.

Дини мубини ислом беҳтарин посухҳои  ҳуқуқиро дар ради аҳли  такфир  ва созмонҳои  террористӣ додааст ва ниёз ба маълумоти идовагӣ нест.Салафия бошад дар саросари ҷаҳон  чун меҳмони нохонда арзи вуҷуд дорад. Онҳо баробари амалиёти  террористӣ хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги  мардуми таҳҷоӣ, амният ва суботи давлатдорӣ эҷод карда истодаанд.Салафияи тоҷик, ки дар таълимгоҳҳои гуногуни  террористӣ сабақ омӯхтаанд, бисёр ҷоҳил ва разил мебошанд.

Салафияҳо шахсоне, ки ақидаҳои ваҳҳобия-салафияро қабул надошта бошанд, онро кофир ва мулҳид мешуморанд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба хотири сулҳу суббот ва амният дар кишвар ҳушёрию зиракиро аз даст надода, аз нақшаҳои душманони миллат ба мисли Муҳиддин Кабирии хоини Ватан  огоҳу бохабар бошем.Набояд шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба террористони ифротгаро ва фатвоҳои  зиддиисломии аҳли такфир пайравӣ намоянд, идеяҳои мусибатдор ва хушунатрези исломисӯзи салафияро дар кишвар таблиғу ташвиқ намоянд.

Б.Бердиев,  аъзои гурӯҳи «Созанда»

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд